Тоҷикистон ба даҳгонаи роҳҳои ҳавоии барои россиягиҳо бештар маъмул дар соли 2020 ворид шуд

Декабрь 21, 2020 12:58

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи як пажӯҳиши хадамоти сайёҳӣ ва сафарҳои Tutu.ru, Тоҷикистон соли 2020 ба даҳгонаи роҳҳои  ҳавоии барои  россиягиҳо маъмул ворид шуд. Инчунин ба ин даҳгона Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Германия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Ӯзбекистон шомиланд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Талабот ба парвозҳо, ҳатто ба самтҳои маъмултарин имсол хеле коҳиш ёфт. Аз раддабандии  10 самти маъмул  талабот ба парвозҳо ба Туркия камтар коҳиш ёфт. Ин кишвар қабули русҳоро аз моҳи август шурӯъ кард ва аввалин алтернатива барои истироҳатгоҳҳои баҳрии ватанӣ шуд. Аммо, ба ҳар ҳол, нисбат ба соли гузашта  русҳо 40-45% камтар ба Туркия рафтаанд», — зикр шудааст  дар Tutu.ru.

Дар ҷумлаи самтҳои туркӣ Истанбул ва Анталия маъруфтар шудаанд. «Дар  ин самтҳо ҳиссаи сайёҳони мустақил, ки онҳо ҷалб мекунанд, се маротиба зиёд шудааст», — зикр мекунанд дар Tutu.ru.

Дар айни ҳол, арзиши миёнаи чиптаи ҳавопаймо ба хориҷи наздик (як тараф) то 6%  афзуд ва 11,7 ҳазор рублро ташкил медиҳад, ба Аврупо — 9% ва14,8 ҳазор рубл.

Россия бар асари пандемия дар фасли баҳор парвозҳои мунтазами мусофиронро ба дигар кишварҳо қатъ кард. Аз тобистон парвозҳо ба як қатор кишварҳо қисман аз сар гирифта шуданд: Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Миср, АМА, Туркия, Британияи Кабир, Швейтсария, Танзания, Сербия, Япония, Эфиопия, Малдив, Ҷазираҳои Сейшел ва Куба. Инчунин баъзе ширкатҳои ҳавопаймоии Россия ва хориҷӣ ба истилоҳ парвозҳои боркашонӣ-мусофиркашонӣ анҷом медиҳанд, ки пеш аз ҳама, барои интиқоли молҳои гуногун пешбинӣ шудаанд, аммо интиқоли баъзе категорияҳои мусофирон сурат мегирад.

                                                         АКС аз сомонаи  altaex.ru

Декабрь 21, 2020 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ