ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРОН. Муҳоҷирати меҳнатӣ дар оғози асри 21 ба раванди ҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфтааст

Декабрь 18, 2020 11:24

ДУШАНБЕ, 18.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ дар тамоми ҷаҳон  ҳамасола 18 декабр Рўзи байналмилалии муҳоҷирон  ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуд ва пас аз чор сол- 4 декабри соли 2000 ин санаро ба расмият даровард. Ин тасмим дар робита ба афзоиши шумораи муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон гирифта шудааст.

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар оғози асри 21 ба раванди ҷаҳонӣ ва падидаи глобалӣ табдил ёфтааст. Солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё меафзояд. Муҳоҷирати меҳнатӣ —  яке аз роҳҳои ворид намудани маблағ ба буҷаи оила мебошад. Муҳоҷирон аз ҳисоби кор дар хориҷа маблағ ба даст оварда, вазъи оилавии худро беҳтар мекунанд. Ин воқеият як раванди табииест, ки имрӯз на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи давлатҳои ҷаҳон бо он рӯ ба рӯ ҳастанд. Чунин изҳори назар кард муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

 Мавсуф зикр кард, ки дар рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии тақрибан ҳамаи давлатҳо муҳоҷират нақши муҳим дорад. Имрӯз он қисми ҷудонашавандаи иқтисоди бозорӣ мебошад. Равандҳои муҳоҷират бо бисёр масъалаҳои баҳснок тавсиф карда мешаванд, ки ҳам мусбат ва ҳам манфӣ тафсир карда мешаванд. Имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз 250 миллион нафар муҳоҷирон мебошанд. Бисёр кишварҳое ҳастанд, ки дар онҳо муҳоҷирон қисми таркибии аҳолӣ мебошанд. Тавре омор нишон медиҳад, Иёлоти Муттаҳида аз рӯи қабули муҳоҷирон дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст, ки дар он беш аз 50 миллион шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Пас аз он Арабистони Саудӣ, Германия, Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Австралия, Испания қарор доранд. Давлатҳое, ки дар хориҷа диаспораҳои калонтарин доранд, кишварҳое мебошанд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мефиристанд- Ҳиндустон, Мексика, Федератсияи Россия, Чин, Бангладеш, Сурия, Британияи Кабир, Покистон, Қазоқистон. Дар омади гап, диаспораи калонтарин дар Чин дар Иёлоти Муттаҳида ҷойгир аст. Тоҷикистон дар рӯйхати фиристодани муҳоҷирон аввалин давлат нест, аммо ин мамлакатест, ки захираҳои меҳнатиро таъмин мекунад.

Ду рӯз пеш ТАСС  бо истинод ба Вазорати сохтмони Россия хабар дод, ки то 1 декабри соли равон аз 77 минтақаи  ин кишвар дар 50 минтақа норасоии муҳоҷирон дар сохтмонҳо ба назар мерасад.  Дар маҷмӯъ, талабот ба неруи корӣ дар бахши сохтмон дар он ҷо беш аз 190 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Гуфта шудааст, ки пеш аз ҳама, мутахассисони соҳаи сохтмон аз   Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Украина намерасанд.

Федератсияи Россия тақрибан ҳар рӯз дархостҳои зиёдеро барои ҷалби шаҳрвандони мо ба кор мефиристад, зеро имрӯз бо сабаби камбуди мутахаассисон кор тақрибан дар 40 дарсади лоиҳаҳои сохтмонии Россия бомондааст.

Омили асосии мавҷуд набудани қувваи кории имрӯза дар тамоми ҷаҳон- ин пандемияи коронавирус мебошад. Тибқи омор, то 18 марти соли равон ва баста шудани марзҳо 129 807 нафар Тоҷикистонро барои муҳоҷират тарк кардаанд, ки 117 912 нафар ба Федератсияи Россия, боқимонда ба Қазоқистон ва дигар давлатҳо рафтаанд. Агар омори соли 2019 ва 9 моҳи имсолро муқоиса кунем, пас имсол сатҳи муҳоҷирати шаҳрвандони мо 57 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамин чизро дар бораи бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан низ гуфтан мумкин аст. Имсол бозгашти шаҳрвандони мо 90 ҳазору 333 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 52 фоиз камтар аст.

Аз ин рӯ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохтори он яке аз самтҳои фаъолияти худро дар  таъмин намудани шаҳрвандон бо ҷойи кор мебинанд.   Давоми 10 моҳи соли равон ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ 113 ҳазору 362 нафар шаҳрвандон муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 84 ҳазору 720 нафарашон  ҳамчун  касони дар ҷустуҷӯи кор ба қайд гирифта шудаанд, ба 47 ҳазору 161 нафар шаҳрвандон мақоми бекор дода шудааст.

Тавассути татбиқи чорабиниҳо дар доираи Барномаи шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 58 ҳазору 890 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин карда шуданд. Бо мақсади мусоидат ба шуғли шаҳрвандон имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат 710 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ  баргузор карда шуд.

Ҳамчунин дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 62 литсейи касбӣ-техникӣ ва Маркази таълими калонсолон мавҷуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 34 филиал доранд. Ҳадафи асосии ин муассисаҳои таълимӣ тайёр кардани коргарон барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад. Барои шахсоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, малакаҳои касбиро аз худ кардаанд, аммо шаҳодатномаи таҳсилоти давлатӣ надоранд, тартиби тасдиқи (эътирофи расмии) малакаҳои касбӣ дар заминаи Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва дар филиалҳои он ташкил карда шудааст. Пас аз супоридани имтиҳонҳои дахлдор ба онҳо шаҳодатнома дода мешавад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2020 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ