ВНМО (ВИЧ/СПИД) — БЕМОРИИ ИДОРАШАВАНДА МЕБОШАД. Чунин изҳор дошт ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам Зӯҳро Нурляминова

Декабрь 1, 2020 14:19

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО -ВИЧ/СПИД) машварати  омӯзишӣ доир шуд, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори оммаи пойтахт  ва шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО аз 1 декабри соли 1988 инҷониб ҳамасола доир шуда, мақсад аз он пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ оид ба бемории мазкур мебошад. Бахшида ба ин рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ   барномаҳои  мухталифи иттилоотию маърифатӣ, ҳамоишу  машваратҳо, барномаҳои телевизиониву радиоӣ, намоиши  аксҳо ва ҳафтаи ташхиси ВНМО баргузор карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилӣ бетараф нест.

Дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи муқовимат бо Вируси норасоии масунияти  одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният» аз  28 декабри соли 2005 қабул гардидааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим намуда, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои асосии инсонро дар бар мегирад. Он барои пешгирии паҳншавии сироятпазирии Вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар кас ва тамоми ҷомеа  нигаронда шудааст.

Дар Тоҷикистон аввалин маротиба соли 1991 бемории ВНМО (ВИЧ/СПИД) ба қайд гирифта шудааст.

Тавре мудири шуъбаи назорати диспансерии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам”  дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зӯҳро Нурляминова  зимни ҳамоиш ба хабарнигорон иброз дошт, Вируси норасоии масунияти одам бемории сироятии музмин буда, танҳо аз одам ба одам    тавассути хун,  алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамъизнашуда  ва инчунин  аз модари сироятёфта  ба навзод ҳангоми таваллуд ва ё  ширмаконӣ мегузарад.

Ба зикри номбурда,  ВНМО  тавассути оби даҳон, салом кардан, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ,  ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад. ВНМО системаи иммунитети шахсро  заиф карда, онро барои  солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад. Вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад.

«Имрӯз  тамоми дорувориҳои зиддиретровирусӣ дар Тоҷикистон  дастрас буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ройгон тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин, тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба  шахсони бо ВНМО зиндагикунанда  ройгон ба роҳ монда шудааст.   Дар сурати истифодаи саривақтии доруҳо ва ҷиддӣ риоя намудани беморӣ ВНМО идорашаванда  мебошад. Дар ҳолати  табобати  саривақтӣ ва истеъмоли дору нафарони гирифтори ин беморӣ метавонанд фарзандони солим ба дунё оранд»,- гуфт  Зӯҳро Нурляминова.

Бояд гуфт, ки дар аввали соли 2020 дар ҷаҳон 38 миллион нафар шахсони бо Вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 1,7 миллион нафар шахсони соли 2019 сироятшуда мебошанд.

Мутобиқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ, танҳо 81%- и шахсони сироятшуда аз  бемории худ огоҳӣ доранд.  Вируси норасоии масунияти одам ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) давоми 40 соли охир ба  мушкилии асосии аҳли сайёра табдил ёфтаанд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2020 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад