Воҳидҳои зиддитеррористии Ироқ соли равон 206 ҷангҷӯи ДИ-ро маҳв намуданд
ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Воҳидҳои зиддитеррористии Ироқ 19.12.2020 изҳор намуданд, ки аз оғози соли равон маҷмӯан 206 ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» (ДИ) -ро маҳв ва 292 нафари онҳоро боздошт кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Дар изҳорот омадааст, ки воҳидҳои зиддитеррористии Ироқ бо мақсади таъмини амният ва субот дар кишвар таъқиб ва маҳви паноҳгоҳҳои ҷангиёни ДИ, инчунин интишори ғояҳои экстремистӣ аз тариқи Интернет ва бедор намудани ҳисси нафрат нисбат ба онҳо муборизаро бо идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2017 Ироқ пирӯзии таърихиашро бар ДИИШ-ро эълон кард. Бо вуҷуди ин, дар кишвар боқимондаҳои гурӯҳҳои ифротгаро амал мекунанд ва гоҳ — гоҳ ҷангиён ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






