Беҳтарин довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои дарёфти «Шоҳҷоиза» роҳхат гирифтанд

Декабрь 17, 2020 15:03

ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи  8 Рухшона Норова,  талабаи  синфи 11  Раъно  Насриддинова, корманди нашрияи «Зарафшон» Мафтуна Нозирова аз  шаҳри Панҷакент,  хонандаи синфи 5  Шоина Мабатқадамова аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, омӯзгорон  аз шаҳри Хуҷанд Сарфарозиддин Иморуддинов,  аз ноҳияи Мастчоҳ Гулбаҳор Раҳимова,  аз шаҳри Истиқлол Нӯшофарин Хидирова, хонандаи синфи 11 аз ноҳияи Файзобод Рухшона Бобозода, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сарвиноз Саидова, Шероз Бобохонов, Фарзона Восиева ва Шабнам Одинаева дар даври ниҳоии Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», беҳтарин довталабон дониста шуданд,  барои дарёфти «Шоҳҷоиза» -и озмун   роҳхат гирифтанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз дар сабқат ҷиҳати дарёфти «Шоҳҷоиза»-и озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 12 нафар иштирокчии ҷойҳои  аввал аз рӯйи панҷ номинатсия озмун ширкат намуданд. Аз ин  шумора танҳо 5 нафар -Рухшона Норова, Сарфарозиддин Иморуддинов, Гулбаҳор Раҳимова, Раъно Насриддинова ва  Нӯшофарин Хидирова  бо хоҳиши худашон  иштирок карданд.

Омӯзгори МТМУ №24-и  ноҳияи Мастчоҳ Гулбаҳор Раҳимова аз зумраи нафарони хуштолеъ буд, ки дар номинатсияи  «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик» мавқеи аввалро ишғол  намуда, ба даври «Шоҳҷоиза» роҳхат гирифт.

Номбурда зимни суҳбат гуфт, ки аз он ки ба даври ифтихорӣ роҳ ёфтааст, хеле хушҳолу сарфароз аст.

«Шунидани хабар дар хусуси он ки   аз рӯйи номинатсияи интихобкардаам   ҷойи аввалро  соҳиб гаштаам  бароям ногаҳонӣ буд. Дар хона будам, ки  ба ман занг зада гуфтанд, ки «Шумо сазовори ҷойи аввал аз номитансияи адабиёти муосир гардидед ва имкон доред дар даври «Шоҳҷоиза»-и озмун, ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ баргузор мешавад,  иштирок намоед».

-Маро ҳаяҷони зиёд фаро гирифта буд,  вале бо вуҷуди он худамро ба даст гирифтаму розигӣ додам, ки дар ин  давр иштирок мекунам. Ман соати 03:00 –и имрӯз ба пойтахт расидам»- афзуд бо хушнудӣ  Гулбаҳор Раҳимова.

Ба андешаи  ҳамсуҳбати мо,  барои  номбурда  иштирокаш дар даври «Шоҳҷоиза» ғайриинтизор буд  ва ӯ бо такя ба донишҳои андӯхтааш дар ин давр ширкат намуд. Гулбаҳор Раҳимова изҳор дошт, ки  саволҳои ҳакамони даври  «Шоҳҷоиза» душвор набуданд.

-Онҳо аз рӯи  чор номинтасия суол медоданд,- мегӯяд ӯ —  вале ман баъзе мисраҳои шеъриро фаромӯш кардам, зеро танҳо дар номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик» омодагӣ дида будам.

Иштирокчии дигари ин давр — омӯзгори фани забон ва адабиёти тоҷик  аз шаҳри Истиқлол Нӯшофарин Хидирова  мебошад. Номбурда пас аз баромад назди аъзои ҳакамон  зикр кард, ки  бениҳоят  хурсанд аст. Нӯшофарин  дар номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» мақоми аввалро соҳиб гардидааст.  Номбурда гуфт, ки  ҳарчанд интизор надошт, ки то ба ин давр мерасад, вале тавакалан   дар даври «Шоҳҷоиза» иштирок намуд. Ӯ гуфт дар даври «Шоҳҷоиза» ҳеҷ омодагие надошт, ҳамчун омӯзгори фани забон ва адабиёти тоҷик  ширкат намуд ва ашъори ҳифз кардааш ӯро  ҳангоми суолу ҷавоби аъзои ҳакамон кӯмак кардааст,  ҳарчанд суолҳое  будааст, ки беҷавоб монаданд.

Нӯшофарин Хидирова гуфт, ки  барои иштирок дар номинатсияи «Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон»  210 асари бадеии  насрӣ ва 4000 мисраъ шеъро аз худ кардааст. Ӯ соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад. «Соли аввал ҳарчанд дар озмун ширкат намуда, сазовори ҷойи намоён нашуда бошам ҳам, вале умедамро наканда, имсол мубориза бурдам ва ба мақсади дар пеш гузоштаам расидам»- афзуд  мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 15 декабри соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки аз рӯйи панҷ номинатсия иштирокчиён маҳорати худро ба аъзои ҳакамон нишон доданд. Дар рӯзи нахустини озмун намояндагони вилояти Бадахшон, дар рӯзи дуюму сеюм довталабони вилояти Суғд, рӯзҳои чоруму  панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рӯзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе баромад карданд.

Масъулини  озмун мегӯянд, ки  пас аз муайян кардани ғолибони ҳамаи зинаҳо рӯзҳои наздик бо баргузории як чорабинии бошукӯҳ ғолибон эълон ва бо мукофотҳои муқарраргардида қадрдонӣ  хоҳанд шуд.

                                                          Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
                                                                         АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 17, 2020 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид