Зимни ҷаласаи корӣ дар вилояти Хатлон камбудиву норасоиҳои соҳаи маориф баррасӣ шуданд

Декабрь 25, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз мушкилоти асосии сари вақт чоп нагардидани китобҳои дарсӣ-ин пардохт нашудани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳалли ин масъала дар вилояти Хатлон низ ташвишовар аст. Ин матлабро директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилшоҳ Исозода зимни баргузории ҷаласаи кории Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар толори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳангоми пешниҳоди  гузориш оид ба вазъи таъмин ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур ҳамчунин масъалаи  таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус,  хонандагон бо китобҳои дарсӣ, бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва ба ин васила, бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дар умум, баланд бардоштани сифати таҳсил ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки «мо, аҳли маорифро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пардохти маблағи истифодаи он, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон ва омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ҷиддӣ ба роҳ монем».

Мавсуф иброз намуд, ки «бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои мактабӣ ва ба хониши адабиёти бадеӣ ҷалб намудани хонандагон чанд соли охир Вазорати маориф ва илм чопи китобҳои бадеиро аз осори адибони классику муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон ба роҳ мондааст. Барои харидории китобҳои бадеӣ ва дигар маводи таълимӣ дар суратҳисоби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар доираи маблағҳои сарикасӣ ҳамасола маблағи алоҳида ҷудо мешавад. Маблағҳои китобҳои бадеӣ ва маводи таълимӣ (журналҳои синфӣ, стандарту барномаҳои таълим, роҳнамои омӯзгор ва ғайра) бояд аз ҳисоби маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимӣ ва ё маблағҳои соли 4-ум ва минбаъдаи иҷораи китобҳои дарсӣ пардохт шаванд. Вале қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ барои аз худ кардани ин маблағҳо аз ҷониби раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Инчунин мушкилоти дигар зуд иваз шудани китобдорони муассисаҳои таълимӣ мебошад».

Вазири маориф ва илм Маҳмадюсуф Имомзода ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил, иҷрои барномаҳои давлатӣ, бартараф намудани норасоии омӯзгорон ва ҷойи нишаст, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, таъмиру сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, пардохти саривақтии маоши омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон бо китобҳои дарсию бадеӣ, истифодаи васеи технологияи муосир, таъмини муассисаҳо бо кабинет ва озмоишгоҳҳои фаннӣ, дар фасли зимистон мунтазам таъмин намудани синфхонаҳо бо гармӣ, пардохти маблағи қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ ва дигар мушкилоти ҷойдошта ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Декабрь 25, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид