ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ҷавонони Ишкошим дар таъмири мактабҳо кумак мерасонанд
ДУШАНБЕ, 30. 01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошим бо иқдоми сокини деҳаи Хасхоруғи Ҷамоати деҳоти ба номи Аскар Замиров Руслан Нуруллоев боми бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии № 36-и деҳаи Хасхоруғ таъмиру навсозӣ гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамзамон ҷавонони деҳаи Намадгути Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдом гирифта буданд, ки баҳри беҳтар намудани шароити таълими хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и деҳа дар назди муассиса чанд синфхонаи иловагӣ бунёд намоянд. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома дошта, ҷавонон ва сокинони меҳнатқарини деҳаи Намадгут азм доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаҳои иловагиро мавриди истифода қарор диҳанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, «мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».
Ҷавонони ноҳияи Ишкошим, ки зодагони даврони соҳибистиқлоланд, дар партави ҳидояту сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






