ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор се иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

Январь 18, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода се иншооти ҷашнӣ- бунгоҳи тиббӣ, толори варзишӣ ва ҳавзи варзишии замонавии болопӯшида дар маросими ботантана ба истифода дода шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва беҳдошти вазъи  иҷтимоии сокинон мусоидат менамоянд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи навбунёди Ганҷрези шаҳраки Шарора аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусейн Абдураҳмонов бунёд гардидааст. Муовини Сарвазир ва Раиси шаҳр зимни боздид аз иншоот ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкор Ҳусейн Абдураҳмоновро ҷавонмардонаю хайрхоҳона унвон карданд. Барои ин иқдоми наҷиб соҳибкор бо Сипосномаи Раиси шаҳр сарфароз гардид.

Бунгоҳи тиббӣ аз ҳуҷра барои қабули беморон, эмгузаронӣ, доругузаронӣ ва момодоягӣ иборат буда, қаблан сокинони маҳалла барои ташхису табобат ва истифода аз ин намуд хизматрасониҳои тиббӣ 10-15 километр масофаро тай намуда, ба маркази ҷамоат ва ё шаҳр муроҷиат менамуданд.

Дар идомаи сафар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳр  Шарифҷон Ҷумъазода дар деҳаи Ҳамдилони Ҷамоати деҳоти Навобод толори варзишӣ барои футболи хурд ва ҳавзи шиноварии замонавии болопӯшидаи  иборат аз ҳуҷраҳо барои буғи хушк ва дигар хизматрасониҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкор Олим Ёров  ба маблағи беш аз ним миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 7 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Муовини Сарвазири мамлакат  Матлубахон Сатториён зимни супоридани Сипосномаи раиси шаҳр ба соҳибкор ба волидайнаш, ки дар маросими ифтитоҳи бино иштирок доштанд, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Январь 18, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид