АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 22-23 январ дар Тоҷикистон вазъи ҳаво номусоид шуда, борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 январ дар ҷумҳурӣ якбора вазъи обу ҳаво номусоид шуда, бориши борон бо гузариш ба барф дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳарорат шабона то 8-10 ва рӯзона то 10-15 дараҷа (ба истиснои ВМКБ) паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Тавре дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 22 январ дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бориши пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноки баҳримиёназаминӣ ва ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буҳрони барфӣ, яхбандӣ, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ноҳияҳои водигии ҷумҳурӣ часпидани барфи тар ба ноқилҳои барқӣ ва шохи дарахтон дар назар буда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдо шудани қабати барф пешгӯӣ мешавад.








Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






