АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Даҳаи дуюми моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво асосан бебориш мешавад

Январь 12, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 12.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи дуюми моҳи январ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаво асосан бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 12+14 дараҷа мерасад. Вале бо сабаби гарм шудани ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ ва кӯҳӣ сардшавии ҳарорат дар назар аст. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки танҳо 18-19 январ ҳаво тағйир ёфта,  ҳарорат каму беш поён мефарояд.

Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои водигии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ моҳи январи соли 2021 ҳарорат аз меъёри иқлимӣ 0,5-1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 0+2 дараҷа гарм мешавад ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 0-2 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Миқдори миёнаи моҳонаи бориш дар моҳи январи соли 2021 дар ҳудуди меъёри муқаррарӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр паст пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида вазиши шамол дар водиҳо бо шиддати то 13-18 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо (н.Панҷ, Панҷи поён, ш.Бохтар, н.Ховалинг, ш. Душанбе) туман мефарояд.

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва минтақаҳои водигии ноҳияҳои тобеи марказ нисбат ба моҳи январи соли гузашта 3 дараҷа хунуктар мебошад. Дар доманакӯҳҳо ҳавои 1-3 дараҷа хунуктар пешбинӣ шудааст.

Дар  вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва кӯҳҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 0,5 дараҷа паст пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 4-7 дараҷа сардиро ташкил медиҳад.

Миқдори миёнаи бориш дар моҳи январи соли 2021 дар ҳудуди меъёри муқаррарӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр паст пешгӯӣ мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида вазиши шамол дар водиҳо бо шиддати то 13-18 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар вилояти Суғд нисбат ба моҳи январи соли гузашта дар водиҳо 3 дараҷа хунуктар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи январи соли 2021 дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст  пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби ВМКБ ҳаво 6-9 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4-10 дараҷа сардиро ташкил медиҳад.

Дар моҳи январи соли 2021 ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 17-18 ва дар мавзеи Булункӯл 24 дараҷа хунукӣ пешбинӣ шудааст.

Давоми моҳ тағйирёбии якбораи ҳарорати ҳавои шабона дар назар дошта шуда, аз 17-22 то 23-28 дараҷа хунук, дар нимаи дуюми моҳ ҳарорати ҳаво паст шуда, то 30-35 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Рӯзона ҳаво 13-18 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба моҳи январи соли гузашта дар ҳудуди меъёр буда, дар мавзеи Булункӯл 4 дараҷа  гармтар пешбинӣ шудааст.

Январь 12, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS иштирок намуд
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад