Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои сарди шабона дар ВМКБ

Январь 16, 2021 10:12

ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки шабонарӯзи наздик бо сабаби софшавии ҳаво  шабона дар бештари ноҳияҳои баландкӯҳии ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ мемонад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона то -32 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункӯл то -45 дараҷа хунук) пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии мамлакат яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ хотиррасон менамояд, ки коҳиши ҳарорат бахусус дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма ва яхро дучанд мекунад.  Ғайр аз ин тумани ғафс ҳам пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъӣ риоя намоянд.

Кумита ба сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ муроҷиат намуда, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёт бошанд, наврасону кӯдаконро ба ҳезумчиниву ҳезумкашӣ нафиристанд ва ҳамагон либосҳои гарми зимистона дошта бошанд, то аз хавфи ҳаргу касалиҳои сармохӯрдагӣ эмин бошанд.  Инчунин ҳангоми гарм кардани хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз ангишт ва печҳои барқӣ бештар эҳтиёт кунанд.

Январь 16, 2021 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд