Агентии обуҳавошиносӣ: Шабонарӯзи наздик дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад

Январь 5, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 5.1.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи наздик дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад. 8-9 январ бо сабаби софшавии ҳаво шабона дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ то 10-15 дараҷа хунукӣ ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 25-30 ва дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 6 то 9 январ  дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Танҳо 9 январ ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 0+5 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17, рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст ва дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. 9 январ ҳарорат  баланд шуда, то 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорат тағйир ёфта,  аз 10-15 то 16-21 ва рӯзона аз 0-5  то  5-10 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, эҳтимоли бориши сусти марҳилавӣ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона тағйир ёфта, аз 12-17 то 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона  25-30, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук мешавад. Дар мавзеи Булункӯл то 48-50 дараҷа сардӣ дар назар аст. Рӯзона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 12-17 то 17-22 дараҷа сард мешавад.

Январь 5, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд