Ҷамолиддин Абдуллозода: Соли 2020 табибони Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва табобати COVID-19 аз имтиҳони бузург гузаштанд

Январь 18, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 18.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 барои кормандони соҳаи тандурустии мамлакат соли пурмасъулият ва имтиҳони донишу маҳорат ба шумор меравад. Зеро дар соли сипаригашта бо назардошти пайдоиши бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 масъулияти табибон дар ҷомеа бамаротиб бештар гардида, дар чунин давраи душвор онҳо тавонистанд бо истифода аз донишу маҳорати касбӣ дар пешгирӣ ва табобати ин беморӣ саҳми арзанда гузоранд. Ин нуктаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни ҷамъбасти фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар соли 2020, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» доир гардид, иброз намуд. 

Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки соли 2020 табибони Тоҷикистон аз як имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 гузаштанд.

Дар ин давра ҷиҳати вусъат бахшидани чорабиниҳои пешгирикунандаю табобатӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 бо ташаббус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои алоқаманди мамлакат   тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шуданд.

Дар ҳамин замина, дастуру супоришҳои Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустии мамлакат 20 май ва 18 августи соли  2020 барои табибону олимони соҳаи тибби ҷумҳурӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон дастурамал ва роҳнамо гардиданд.

Январь 18, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд