ҲАСАНУ ҲУСЕЙН, ФОТИМАЮ ЗӮҲРО ВА ХАДИЧА. Ба панҷгоникҳои навзод дар ноҳияи Қубодиён ном гузоштанд
ДУШАНБЕ, 02.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба тифлони панҷгоник, ки ду рӯз қабл дар Тоҷикистон таваллуд ёфтаанд, Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича ном гузоштаанд, хабабр медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Бино ба иттилои манбаъ, ин хабарро 1 январ Мамат Бобоев, бобои тифлони навзод, зимни суҳбат бо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки барои муборакбодӣ ба хонадони онҳо дар деҳаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён ташриф овард, расонид.
Раиси вилоят ба ин оила туҳфаҳои пулию молӣ ва ғизоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонид.
Бояд гуфт, ки ҳоло модари тифлони панҷгоник Дилноза Мамадоваи 31-сола, ки сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст, бо кӯдакони навзодаш дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор дорад ва вазъашон хуб арзёбӣ мешавад.
Таваллуди якбора панҷ тифл бори нахуст дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст.
Дилноза Мамадова соли 2008 бо сокини деҳаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлол» Барот Бобоев (Нормуротов) оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя соли 2010 соҳиби як духтар — Фирӯза Нормуротова ва соли 2017 соҳиби як писар – Иброҳим Нормуротов шудаанд.
Соли 2020 табибони ноҳия баъди ташхис муайян менамоянд, ки дар батни Д. Мамадова 5 тифл ба вуҷуд омадааст ва барои нигоҳубин ва таҳти назорат қарор додан ба таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе роҳхат медиҳанд.
Рӯзи 30 декабри соли 2020 Дилноза Мамадова 5 фарзанд – ду писар ва се духтар ба дунё меорад.
Мамат Бобоев зимни суҳбат бо раиси вилоят гуфт, ки се фарзанди дигараш низ кӯдакони дугоник доранд. Ҳамакнун шумораи наберагони дугонику панҷгоникаш ба 13 нафар баробар шудааст.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон дастур дод, ки дар азнавсозии манзили истиқоматии тифлони панҷгоник ва бунёди ҳуҷраҳои иловагии муносиб барои тифлони навзод мусоидат намуда, пас аз ба Қубодиён овардани онҳо, навзодон зери назорати ҳамарӯзаи табибон қарор бигиранд.









Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






