Минбаъд барои кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот талаботи иловагии адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок муқаррар карда мешавад

Январь 25, 2021 13:44

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа ва супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус ташкил ва гузаронида мешавад. Зимнан андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Дар иртибот ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»  ба як қатор қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти бархе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ илова ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд нисбат ба номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз – судя, барои кор дар мақомоти прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷро ва мақомоти гумрук талаботи иловагии адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок муқаррар карда мешавад.      

Дар ин хусус зимни  баргузории иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз  дар  пойтахт  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  доир  гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ  қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардиданд.

Зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» муносибатҳои вобаста ба уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода, ба таври муфассал тартиби даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва ба хизмати ҳарбӣ дар асоси ихтиёрӣ дохил шудани шаҳрвандонро муайян намудааст. Дар баробари ин, қонун хусусиятҳои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро пешбинӣ намудааст.

Дар  иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 23 масъала қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Қурбон Ҳакимзода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Инчунин тибқи рӯзномаи иҷлосияи панҷум аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муҳокимарониҳо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷараёни иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус» баррасӣ гардида, он аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона қабул карда шуд.

Тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Турахон Давлат бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.

Ҳамчунин дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» шунида шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо назардошти корҳои анҷомдодаи мақомоти прокуратура ва таҳлили маълумоти омории вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли сипаришуда аз Прокурори генералӣ талаб намуданд, ки назорати прокурориро дар самти пешгирӣ намудани  шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таъмини амнияти иттилоотии кишвар пурзӯр карда, ҷиҳати коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, бахусус авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботи оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои иловагии қатъӣ амалӣ намояд.

Дастур дода шуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти назорати риояи дақиқ, иҷрои бечунучаро ва якхелаи қонунҳо, ошкор ва бартараф намудани мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, раванди муҳоҷират ва ҳифзи сиҳатии мардум, пешгирии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тақвият бахшанд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бобати баланд бардоштани самаранокии иштироки прокуророн дар баррасии судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ, татбиқи чораҳои дахлдор нисбат ба санадҳои судии хилофи қонун ва назорати иҷрои санадҳои судӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷинояту муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки боиси расонидани зарарҳои ҷисмонӣ ва фавти сарбозон мегарданд, тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Дар фарҷоми кори иҷлосияи панҷум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарназардошти ҳадаф ва афзалияти фаъолияти палатаи болоии мақомоти олии қонунгузори кишвар дар назди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар соли 2021 тақвият додани раванди амалисозии дастуру супоришҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии он дарҷ гардидаанд, вазифагузорӣ намуданд.

Аз ҷумла, аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, шарҳу тавзеҳ ва амалигардонии қонунҳои қабулшуда, ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои созанда ва нақшаҳои ватандӯстонаи хеш дар роҳи ободу зебогардонии кишвар ба истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши бештар равона намоянд.

Бо ҳамин иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

Аксҳо аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 25, 2021 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
Пагоҳ ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Пагоҳ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон як зумра лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад