Қасди террори сарпарасти сафорати ИМА дар Кобул пешгирӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати амнияти миллиии Афғонистон 12.01.2021 хабар додааст, ки гурӯҳи чоҳорнафарии аъзои “Давлати Исломии Ироқ ва Шом” (мамнуъ дар Тоҷикистон), ки қасд дошт иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Афғонистон ва чанд мансабдори афғонро ба қатл бирасонад, боздошт шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии 1tvnews.af.
Воҳиди дуюми Раёсати мазкур бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ин гурӯҳ қасд дошт Росс Вилсон, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Афғонистон ва чанд мансабдори афғонро ҳадафи ҳамлаҳои террористии худ қарор бидиҳад.
Раёсати амният дар ин бора тафсилоти бештар надодааст ва сафорати ИМА дар Кобул то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Ҷаноби Вилсон қаблан ҳамлаҳои ҳадафманди террористиро алайҳи рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон маҳкум карда буд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






