Қасди террори сарпарасти сафорати ИМА дар Кобул пешгирӣ шуд

Январь 13, 2021 10:07

ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати амнияти миллиии Афғонистон 12.01.2021 хабар додааст, ки гурӯҳи чоҳорнафарии аъзои “Давлати Исломии Ироқ ва Шом” (мамнуъ дар Тоҷикистон), ки қасд дошт  иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Афғонистон ва чанд мансабдори афғонро ба қатл бирасонад, боздошт шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии 1tvnews.af.

Воҳиди дуюми Раёсати мазкур бо нашри хабарномае гуфтааст, ки ин гурӯҳ қасд дошт Росс Вилсон, иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Афғонистон ва чанд мансабдори афғонро ҳадафи ҳамлаҳои террористии худ қарор бидиҳад.

Раёсати амният дар ин бора тафсилоти бештар надодааст ва сафорати ИМА дар Кобул то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

Ҷаноби Вилсон қаблан ҳамлаҳои ҳадафманди террористиро алайҳи  рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон маҳкум карда буд.

Январь 13, 2021 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд