Аввалин маротиба табибони тоҷик ҷарроҳии саратони бачадон ва гурдаро муваффақона анҷом доданд

Январь 8, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 08.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Нахустин маротиба табибони тоҷик ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода иброз дошт, ки “ин намуди ҷарроҳии мураккаб қаблан дар хориҷи мамлакат гузаронида мешуд. Он ҳамзамон сарфи маблағ ва вақти зиёд талаб мекард. Дар соли нави мелодӣ аввалин маротиба дар мамлакат мутахассисони муассисаи мазкур ҷарроҳии саратони гурдаро низ бо усули эндовидеолапороскопӣ бомуваффақият гузарониданд”.

Бино ба гуфтаи номбурда, бо дастрасии дастгоҳи муосири тиббии эндовидеоҷарроҳии Карл Штрос, ки истеҳсоли Германия мебошад, саратоншиносони тоҷик мушкилтарин ҷарроҳии вобаста ба саратони гурдаро бо харҷи ками маблағ ва вақт гузарониданд, ки ин дастоварди муҳими соҳа ба шумор меравад.

Айни замон дар маркази мазкур даҳҳо нафар мутахассисони варзидаи соҳа, ки дар бонуфузтарин муассисаҳои илмию хизматрасонии тиббии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон такмили ихтисос гирифтаанд, фаъолият менамоянд.

Давоми солҳои охир маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази мазкур якчанд номгӯй дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шудаанд, ки тавассути онҳо барои хизматрасонии тиббӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Январь 8, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон