Аз 25 январ то 16 феврал барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир мегардад
ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 январ то 16 феврали соли 2021 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба зикри манбаъ, барои иштирок дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки қабалан ҳуҷҷатҳои худро ба унвонии котиби Комиссияи озмунӣ – Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз руйи низоми тестӣ санҷиш месупоранд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳамасола озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳр роҳандозӣ мегардад.








РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ






