АЗ ҲАРОРАТИ АРКТИКИИ БУЛУНКӮЛ ТО ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ БАРҚ. Ва ё ҳавои сарди Тоҷикистон чӣ пайомад дошта метавонад?

Январь 11, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар 20-30 соли охир бори аввал дар шаҳри Душанбе ду маротиба тумани шиддатноки дурии бинишро то 100 метр ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо то 20 метр пастгардонанда ба қайд гирифта шуд. Гарчанде бақайдгирии туман дар пойтахти мамлакат солҳои қаблӣ низ мушоҳида мегардид, аммо он тӯлонӣ набуда, дурии бинишро танҳо то 500-1000 метр паст мегардонид, ки ин барои биниши шахс душворӣ пеш намеовард. Чунин гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.

Сабаби асосии  ба амал омадани туманҳои тӯлонии шиддатнок, ки охири соли 2020 ва аввали соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, ба мамлакат омадани фишори баланди атмосферӣ (к. лот. «антисиклон»)-е мебошад, ки аз тарафи Сибири Ғарбӣ ба ҳудуди Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва қисми зиёди Қафқоз даромада, баъдан то нимҷазираи Арабистони Саудӣ ҳаракат карда, муддати зиёд муқими ин минтақаҳо гардид.

«Дар натиҷаи омадани чунин фишори баланди атмосферӣ ҳавои гарму намноки минтақаҳои болозикр ба ҳудуди ҷумҳурии мо ҳаракат кард. Ин дар ҳоле мебошад, ки дар ҳудуди мамлакат қариб  як ҳафта ҳаво соф  ва дар натиҷа   ҳарорат низ нисбатан паст буд»,- афзуд Ҷ. Байдуллоева.

Номбурда изҳор дошт, ки вақте ҳавои нисбатан гарми намнок ба ҳавои сард дохил гардид, чунин ҳолат ба авҷгирии конденсатсия (яке аз равандҳои атмосферӣ) боис гашт. Дар натиҷа ин раванд боиси пайдо шудани буғ гардид, ки он ба пайдошавии абрҳои зич оварда нарасонид, аммо боиси пайдо шудани яке аз шаклҳои абр, яъне туман гардид.

«Хатари туманҳои тӯлонии шиддатнок асосан дар он аст, ки онҳо барои нақлиёти ҳавоӣ ва нақлиёти рӯйизаминӣ мушкил эҷод карда, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти рӯйизаминӣ, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо монеъ мешаванд», — изҳор дошт сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат.

 Бақайдгирии сардии ҳаво дар минтақаҳои Тоҷикистон

 Охири соли 2020 ва аввали соли 2021 дар вилояти Хатлон низ туманҳои шиддатноки дарозмуддате, ки дурии бинишро то 300- 500 метр паст мегардонанд, ба қайд гирифта шуданд. Чунин туманфароии шиддатнок боиси он гардид, ки ҳарорати ҳаво дар ин вилоят  на танҳо шабона аз 5 то 10 дараҷа сард гардад, балки рӯзона низ аз 1 то 6 дараҷа сардиро ташкил диҳад.

«Чунин ҳолат  дар вилояти Хатлон гарчанде ғайримуқаррарӣ ҳам набошад, вале аз ҷиҳати  дарозмуддат будани рӯзҳои туманфароӣ дар минтақаи мазкур ҳодисаи ғайричашмдошт ба ҳисоб меравад», — илова намуд сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷ. Байдуллоева изҳор медорад, ки бақайдгирии туман дар солҳои гузашта асосан дар натиҷаи ҳаракат кардани туманҳои радиатсионӣ (туманҳое, ки баъди бориши зиёд ва якбора соф шудани ҳаво пайдо мешаванд) ё туманҳои  адвективӣ (яъне ҳаракат кардани ҳавои гарм ба қабати болоии замине, ки аллакай сард аст)  ба мушоҳида расида буд, ки онҳо дар натиҷаи баромадани офтоб аллакай нест гардиданд. Аммо имсол бо сабаби сардии ҳаво ва кам будани рӯзҳои офтобӣ чунин туманҳо дарозмуддат ва шиддатнок ба қайд гирифта шуданд.

 Тобистони соли 2020  низ сард буд…

«Сардии ҳаво дар мамлакат на танҳо дар моҳи декабри соли 2020 эҳсос шуд, балки дар фасли тобистони  соли гузашта  низ ҳаво мӯътадил гардида буд. То моҳи сентябри соли 2020 танҳо як маротиба ҳарорат дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм шуда буду халос, ки ин нисбат ба тобистони солҳои гузашта сард будани тобистони соли 2020-ро бозгӯ мекунад»,-афзуд сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат.

Дар қисми бештари кӯҳҳои мамлакат аз аввали моҳи сентябри соли 2020  ҳарорат на он қадар гарм буд. Аллакай аз охири моҳи сентябр сардшавии ҳаво дар баландкӯҳҳо  шурӯъ гардид, ки ин дар навбати худ ба камшавии оби дарёҳо  оварда расонид.

«Камшавии об асосан аз ҳисоби кам об шудани пиряхҳои дар баландкӯҳҳо ҷойгирбуда ба  вуҷуд омад, зеро аллакай дар моҳи сентябри соли 2020 ҳарорат дар баландкӯҳҳо то 7 дараҷа сард гардид ва нурҳои офтоб барои обшавии барфҳои баландкӯҳҳо ва пиряхҳо кифоя набуданд», — изҳор дошт Ҷ. Байдуллоева.

То 59 дараҷа сард шудани ҳарорати ҳаво дар Булункӯл

Бояд зикр намуд, ки хунукии ҳаво дар сардтарин нуқтаи Тоҷикистон низ баръало эҳсос гардидааст. Аз ҷумла, дар Булункӯл бори аввал давоми 70-80 соли мушоҳидаҳо ҳарорати ҳаво то 54 дараҷа сард гардид, дар ҳоле, ки солҳои қаблӣ ҳадди ниҳоии сардӣ дар ин мавзеъ  35-36 дараҷаро ташкил медод.

«Аввали моҳи январи соли 2021 ҳарорати ҳаво дар Булункӯл  якбора то 59 дараҷа сард гардид. То чунин дараҷаи сардӣ расидани ҳарорати ҳаво дар Булункӯл- як минтақаи хурди Тоҷикистон ҳарорати арктикиро мемонад. Танҳо бори охир соли 1960 дар Булункӯл ҳарорат то 63 дараҷа  сард гардида буд», — изҳор дошт   Ҷ. Байдуллоева.

Бори нахуст пиряхи Хирсон аз муҳлат пештар ба ҳаракат даромад

Соли 2020 дар ҳудуди пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони соҳа якчанд корҳои таҳқиқотиву экспедитсионӣ гузаронида шуданд, ки охирини онҳо дар ҳавзаи дарёи Ванҷоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  сурат гирифт.

«Фарқияти гузаронидани мушоҳидаи ҳавзаи дарёи Ванҷоб нисбат ба  дигар корҳои таҳқиқотии соли 2020 он буд, ки пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷоб аз зиёд будани ғизогирии худ назар ба дигар пиряхҳои ҳавза  ба ҳаракат шурӯъ намудааст, ки ин ғайриинтизор буд»,-изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Назирзода.

Ба иттилои К. Назирзода, азбаски давраи ғизогирӣ ва ҳаракаткунии пиряхи Хирсон асосан 10-12 солро дар бар мегирад, тибқи мушоҳида ва пешгӯиҳо, баъд аз ҳаракати охирини он дар соли 2011 он бояд соли 2021 ё 2022 ба ҳаракат шурӯъ мекард, аммо ғизогирии зиёди пирях аз ҳисоби бориш ва якбора сард омадани ҳаво боиси гаронии пирях гардид ва он як сол пештар аз муҳлат, яъне соли 2020 ба ҳаракат шурӯъ намуд.

1

2

Дар аксҳо: 1. Ҳаракати забонаи пиряхи Хирсон давоми солҳои 1967, 2011, 2020;  2. Ба амал  омадани тарқишҳо дар пиряхи Хирсон дар соли 2020;

«Гарчанде дар пастиҳо захираи барф кам буда, боиси кам шудани сатҳи оби дарёҳо гардидааст, аммо дар баландкӯҳҳо, ки он ҷо ҳарорати ҳаво сард аст, захираи барф дар ҳолати мӯътадил нигоҳ дошта шудааст», — изҳор дошт муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Захираи барф соли 2020 нисбат ба соли 2019 камтар гардид

  1. Захираи барф дар ҳавзаи дарёи Қизилсӯ-Ёқсӯи минтақаи Сарихосор дар соли 2019;

 

  1. Захираи барф дар ҳавзаи дарёи Обихингоб, Сангвори боло дар соли 2020;

 Таъсири манфии ҳавои сард ба обнокии дарёҳо

Аз мушоҳидаҳои дидбонгоҳҳое, ки дар ҳавзаи дарёҳои асосии ҷумҳурӣ гузошта шудаанд, муайян гардид, ки соли 2020 сарфи об дар ин ҳавзаҳо аз меъёр камтар аст. Дар ин бора  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи обшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафархон Шарофиддинов  иттилоъ  дод.

 Сарфи оби солонаи дарёҳои асосии ҷумҳурӣ дар соли 2020 ва фарқият нисбат ба  соли 2019 бо %

Ҳавза Дарё  

Дидбонгоҳ

 

2019

 

2020

Фарқият нисбат ба соли 2019 бо %
Дарёи Сир Сирдарё Оқҷар 586 548 94
 

Сирдарё

 

 

Қизилқишлоқ

562 531  

 

94

Исфара Ворух 10.8 10.2  

94

Дарёи Панҷ Ғунд Хоруғ 96.3 73.5 96
Ванҷ Бичхарв 52.8 48.3 52
Ёхсӯ Карбостанак 42.6 26.2 42
Дарёи Вахш Вахш Дарбанд 606 559 92
Қизилсӯ Домбрачи 71,7 63,3 88
Дарёи Кофар- ниҳон Кофарниҳон Тартки 193 176 92
Варзоб  

Дагана

 

55,7

 

48,9

 

88

Ба иттилои манбаъ, обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ асосан аз захираҳои мавсимии барф, ки дар давраи тирамоҳу зимистон дар натиҷаи бориши барф дар болооби ҳавзаи дарёҳо ташаккул меёбад, зиёд мешавад.

«Мувофиқи мушоҳидаҳои бисёрсолаи гидрологӣ, давраи серобшавии дарёҳои асосии ҷумҳурӣ аз моҳи апрел оғоз гардида, то моҳи сентябр идома меёбад, аммо мушоҳидаҳои барфсанҷӣ соли 2020 нишон доданд, ки захираи мавсимии барф дар болооби ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ  нисбат ба соли 2019 кам аст», —  афзуд С. Шарофиддинов.

Аз  камобии дарёҳо то маҳдудияти неруи барқ

Камшавии захираи мавсимии барф дар болооби ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ дар ҳоле мебошад, ки Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» бо нашри Муроҷиатнома ба шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овард, ки дар шароити сард шудани ҳарорати ҳаво дар мамлакат ва аз ин ҳисоб кам об шудани пиряху барф  барои  тавлиди неруи барқ мушкилӣ эҷод гардид.

Тавре дар Муроҷиатнома омадааст: «…бо  сабаби   сардиҳои шадиди оғози фасли  зимистон ва тӯлонӣ  пешбинӣ шудани  сардиҳои имсола  хавфи нарасидани  захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» пеш  омадааст. Ҳоло  сатҳи обанбори  Неругоҳи барқи обии  «Норак» дар  муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта  чор  метр паст аст».

Дар охирсухани Муроҷиатнома ба шаҳрвандони мамлакат Ширкати «Барқи тоҷик» ба маълумоти шаҳрвандон расонидааст, ки «…ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об  ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар   мамлакат —  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад…».

Роҳи ҳал:  фарҳанги дурусти истифодаи неруи барқ

«Ҳарчанд зиёда аз 98% — и неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад, аммо набояд фаромӯш кард, ки чунин шакли истеҳсолот метавонад бар асари тағйирёбии иқлим осебпазир бошад, зеро гармӣ ё сардии аз ҳад зиёд метавонад ба сатҳи оби дарёҳо ва ё маҷрои онҳо таъсир гузорад», — изҳор дошт  коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов зимни суҳбат бо  хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба иттилои  коршиноси соҳа, дар чунин шароит, ки ҳавои мамлакатро сардии ногаҳонӣ фаро гирифта, барои тавлиди неруи барқ мушкил эҷод кардааст, мувофиқи мақсад мебуд шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ  барои бартараф намудани мушкили пешомада саҳм гузоранд.

«Дар чунин вазъият на танҳо кормандони соҳаи энергетика, балки тамоми шаҳрвандони мамлакатро мебояд дар истифодаи мақсадноки неруи барқ масъулият эҳсос кунанд. Махсусан фарҳанги дурусти истифодаи неруи барқро шаҳрвандони мамлакат дар чунин шароит набояд фаромӯш созанд», —  иброз намуд коришиноси соҳа У. Давлатов.

 Зарурати омӯзиши пурраи обнокӣ ва системаи гидрологии дарёҳо

Ба андешаи директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Абдулҳамид Қаюмов, барои пешгирии таъсири сардии ҳаво ба захираҳои оби мамлакат ва аз ин ҳисоб ба вуҷуд наомадани маҳдудияти барқ зарур аст, ки минбаъд ҳангоми сохтани неругоҳҳои хурди барқӣ обнокӣ ва системаи гидрологии дарёҳо пурра омӯхта шавад.

«Ҳангоми пурра омӯхтани обнокии дарёҳо имкон пайдо мешавад, ки маълумоти  саҳеҳро  вобаста ба ҳолати гидрологии дарёҳо давоми 10, 20 ва 50 соли охир ба даст оварда, муайян намуд, ки дар ин муддат  оё хушкшавии дарёҳо ба қайд гирифта шудааст ё не», — изҳор дошт профессор А. Қаюмов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Соли 2020 новобаста аз ҳолати эпидемиологӣ Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 11 экспедитсияро ба болооби дарёи Хингоб, Сурхоб, Варзоб, Кофарниҳон ва Зарафшон анҷом додааст. Мувофиқи таҳлилҳои Маркази мазкур, соли 2020 дар ҳудуди мамлакат бориш нисбатан кам ба назар гирифта шудааст, ки фарқияти он аз соли 2019  45 – 50% — ро ташкил медиҳад.

«Дар баъзе мавзеъҳои кӯҳӣ бориш зиёд дида мешавад, аз ҷумла, дар болооби дарёи Ванҷ  ҳоло баландии  барф то 50-60 см мебошад, инчунин дар болооби дарёи Варзоб низ барф зиёд боридааст. Аммо сардии ҳаво боиси ях гардидани ин захираҳо гардида, ба камоб шудани дарёҳои мамлакат оварда расонид», — изҳор дошт директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Сард омадани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон хоси даврияти тағйирёбии иқлим буда, дар чунин ҳолат табиат  ҳаракат мекунад, ки мувозинат ба вуҷуд орад.

«Умуман тағйирёбии иқлим дар худ як давриятро дар бар мегирад, масалан, давраи сесола, панҷсола, ҳафтсола, бистсола ва садсолаҳо. Ҳарорати аз ҳад зиёд сарде, ки имсол дар Тоҷикистон дида шуд, ин намунаи  чунин даврияти тағйирёбии иқлим мебошад, ки дар натиҷаи он яхбандиҳо зиёд шуда, сатҳи оби дарёҳо кам гардид», — зикр намуд профессор А. Қаюмов.

Тоҷикистон пайомади манфии тағйирёбии иқлимро дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ менамояд

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 12 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим изҳор дошта буданд, ки “тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи  обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд”.

Бо назардошти ин мушкилот, Пешвои миллат    пешниҳод намуданд, ки ЮНЕСКО дар баробари андешидани тадбирҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқ шудан бо тағйирёбии иқлим ва бартараф намудани мушкилоти вобаста ба он Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030 қабул намудааст, ки дар партави ин санад сохторҳои марбутаи мамлакат корҳои мушаххаси илмиву амалиро дар  соҳаи омӯзиши вазъи гидрологии Тоҷикистон анҷом дода истодаанд.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон