Ба бозори хизматрасонии сайёҳӣ 1 ширкати нав ворид гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба 1 ширкати сайёҳӣ- ҶДММ «Силкей эдвенче», ки нав ба бозори хизматрасонӣ ворид гардид, иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд. Инчунин муҳлати амали иҷозатномаи ширкатҳои ҶДММ «Ҳабиба Турс», ҶДММ «Восток трэвел тур», ҶДММ «Айс тур» ва ҶДММ «Кошиф» барои фаъолияти самаранок тамдид гардид.
Дар ин бора имрӯз дар ҷамъомад, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ доир гардид, иттилоъ дода шуд. Дар кори ҳамоиш раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сайёҳиро ба масъалаҳои татбиқи босамари имтиёз дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардидаанд, дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таҳким бахшидан ба рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ ба маконҳои тамошобоби ҷумҳурӣ дар мавсими нави сайёҳӣ, хусусан сазовор гузаронидани ҷашни байналмилали Наврӯз ва тарғиби ҳаматарафаи он, гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бойи сайёҳии мамлакат, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, зиёд таҳия ва нашр намудани маводи нави иттилоотии тарғиботӣ ва муаррифии онҳо тавассути шабакаҳои имконпазири иттилоотӣ, ҷоннок намудани ҳамкорӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ ҷалб намуд.
Ҳамчунин Кумита самаранокӣ, мақсаднокӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии кишварро ба талаботи муосир ва қонунгузории амалкунанда мунтазам мавриди таҳлил қарор медиҳад. Дар навбати худ ширкатҳои сайёҳӣ низ изҳор доштанд, ки ҳидоятҳои саривақтӣ ва бомавриди роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳуриро чун ҳамеша дастгирӣ намуда, бо дарки масъулияти баланди хеш бобати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.








Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






