Ба муассисаҳои иҷтимоии Кӯлоб 70 тонна ангишти ройгон дастрас гардид

Январь 15, 2021 11:53

ДУШАНБЕ, 15.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои иҷтимоии  шаҳри Кӯлоб 70 тонна ангишти ройгон интиқол дода шуд, ки он ба муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳр  дастрас гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  вазъияти баамаломадаро  ба инобат гирифта, барои сарфа  намудани нерӯи барқ  синфхонаҳо, утоқҳои корӣ, дармонгоҳ, бунгоҳ ва беморхонаҳои шаҳру деҳот дар таъмини гармӣ аз маводи сӯхт- ангиштсанг истифода  мебаранд.

Аксари корхонаҳо ва марказҳои хизматрасонии шаҳри Кӯлоб  бо мақсади сарфа намудани нерӯи барқ  дар фаъолияти худ аз ангишт истифода мебаранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбаъд низ  дар ҳолати ба миён омадани зарурат  муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳру деҳоти шаҳрро  иловатан бо ангишт таъмин  менамоянд.

Январь 15, 2021 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард