Байден ИМА-ро ба СУТ ва созишномаи иқлим бозгардонид

Январь 21, 2021 12:43

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Ҷо Байден дар рӯзи савгандёдкуниаш чанд фармони ҳамтои пешини худ Доналд Трампро лағв кард. Вай Иёлоти Муттаҳидаро ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва Созишномаи Париж оид ба иқлим бозгардонид, хабар медиҳад AP. Инчунин сарвари давлат сохтмони деворро дар марз бо Мексика боздошт  ва даъват кард, ки реҷаи ниқобпӯшӣ риоя карда шавад.

Байден дар рӯзи савгандёдкуниаш фармонҳои зеринро содир намуд:

— дар бораи бекор кардани вазъияти фавқулодаи вобаста ба вазъ дар марзи Мексика;

— дар бораи бозгашт ба СУТ;

— дар бораи бозгашт ба Созишномаи Париж оид ба иқлим;

— дар бораи бекор кардани манъи вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳои мусалмонӣ;

— дар бораи қатъ кардани сохтмони лӯлаи нафти Keystone XL бо Канада;

— дар бораи реҷаи пӯшидани ниқоб — дар он даъват шудааст, ки дар ҳама ҷо дар муддати 100 рӯз ниқоб пӯшида шавад ва муассисаҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки реҷаи ниқобро таъмин намоянд.

Илова бар ин, Байден 20 январро ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон кард. Эъломия дар сомонаи Кохи Сафед нашр шудааст. «Имрӯз мо пирӯзии демократияро пас аз интихоботе ҷашн мегирем, ки дар он беш аз ҳарвақта дар таърихи мо шумораи зиёди амрикоиҳо овоз доданд ва дар натиҷаи он иродаи мардум шунида ва татбиқ шуд», — қайд шудааст дар санад.

Президент Ҷо Байден 20 январ савганд ёд кард. Вай моҳи ноябри соли 2020 дар интихобот пирӯз шуда буд. Дар рӯзи савгандёдкунӣ индекси ИМА ҳадди баландтарини худро  таҷдид кард.

                                                                       АКСИ: Reuters

Январь 21, 2021 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид