Барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара курси сайёри равияи педагогика ва психологияи мактаби олӣ ташкил гардид

Январь 1, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 01.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 31 декабри соли 2020  бо  ибтикори Донишгоҳи давлатии Данғара дар мувофиқа бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  курси сайёри равияи педагогика ва психологияи мактаби олӣ баҳри такмили касбияти омӯзгорон ташкил ва баргузор гардид. Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи дуюм курси сайёри равияи фанҳои табиӣ-риёзӣ ва дар марҳилаи сеюм фанҳои иқтисодиро ташкил намуда, дар оянда низ чунин курсҳои омӯзиширо барои омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани касбият ва такмили ихтисос ба роҳ монад.

Тавре ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, курси такмили ихтисоси омӯзгорон дар донишгоҳи давлатии Данғара    сурат гирифт.Тӯли се ҳафта, аз 14 то 31 декабр  34 нафар омӯзгори донишгоҳ тавонистанд маҳорату малака, донишу истеъдоди омӯзгории худро сайқал диҳанд.  Иштирокчиён дар ин давра  аз методу усул ва донишу раҳнамоии устодони ботаҷриба доктори илмҳои филологӣ, профессор  Моҳира Мирзоева,  номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Саъдулло Носиров,  омӯзгорони калон   Алиаҳмад Ёраҳмадов ва  Илҳом Хомӯшов  баҳравар гарданд.

Тарбия намудани қобилияти фикрронии мустақилона ва эҷодӣ, ки сифатҳои муҳими шахси баркамол маҳсуб меёбанд, аз вазифаҳои муҳимтарини омӯзгор дар раванди дарс ба шумор мераванд. Вобаста ба  самаранок ташкил намудани машғулиятҳо ва тарбияи ҳаматарафаи донишҷӯён номзади илми педагогика, дотсент С. Носиров  шунавандагони курсро бо усулҳои интерактивии таълим аз нуқтаи назари педагогикаи муосир шинос намуд. Номбурда ба ғайр аз усулҳои гуногуни таълим, диққати шунавандагонро ба тарзи ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯён равона намуд.

Забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар рафти машғулиятҳо аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессор М.Мирзоева  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Номбурда бо овардани далелҳои мушаххас ва суханҳои пур аз панду ҳикмат барои шунавандагон аз ҳусни баён, тарзи гуфтор, усули қироати матнҳои гуногун, роҳ надодан ба ғалатҳои имлоӣ ва дигар паҳлӯҳои забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ суҳбатҳои муфидро доир намуд.

Инкишоф додани қобилияти дарккунӣ ва самаранок ташкил намудани машғулиятҳои семинарӣ бо донишҷӯён ба донистани психологияи донишҷӯён сахт алоқамандӣ дорад. Роҷеъ ба мавзӯи зикргардида омӯзгорони калон А. Ёраҳмадов ва И. Хомӯшов ба шунавандагони курс дарсҳои пурмуҳтаво гузаронид. Ҳамчунин тарзҳои гуногуни гузаронидани тестҳои психологиро низ барои омӯзгорон нишон дод.

Дар  ҷамъбасти курс иштирокчиён аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара дар вазъияти тантанавӣ бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки   дар Паёми худ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар самтҳои фаъолияти хоҷагии мамлакат соҳаҳои илму маорифро мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро тақвият бахшанд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   курси мазкур баргузор карда шуд.

Январь 1, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 26 муассисаи таълимӣ барои 9 ҳазор хонанда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Нақши соҳибкорони Панҷакент дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр назаррас аст
Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шуданд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон-2024 оид ба футзал гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ. Ба афсарону сарбозони ноҳияи Дарвоз барои хизмати намунавӣ туҳфаҳои варзишӣ тақдим шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳо аввалин будем: алоқаи мобилӣ дар кӯҳҳо чӣ тавр пайдо мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд