Бисмиллоҳ Одил, хабарнигори радиои «Садои Ғур» террор шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Ориф Муҳаммад Обир, сухангӯи раиси вилояти Ғури Афғонистон, Бисмиллоҳ Одил, хабарнигор ва масъули радиои «Садои Ғур», субҳи 01 январи соли 2021 дар наздикии шаҳри Фирузкӯҳ, маркази ин вилоят кушта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «tolo.news».
Ба гуфтаи сухангӯи раиси вилояти Ғур, Бисмиллоҳ Одил ҳангоми бозгашт аз деҳаи Дараи Темур, ки дар наздикии шаҳри Фирузкӯҳ ҷойгир аст, дар роҳ ба ҳамлаи силоҳбадастони ношинос қарор гирифт ва ҷон бохт.
Ғуломраббонӣ Ҳадафманд, масъули кумитаи амният ва масунияти хабарнигорон дар вилояти Ғур мегӯяд, «таҳдидҳои амниятиро дар баробари Бисмиллоҳ Одил ва дигар хабарнигорон дар ин вилоят борҳо бо ниҳодҳои амниятӣ дар миён гузоштааст, вале то ҳол чораандешӣ нашудааст».
Бисмиллоҳ Одил тақрибан даҳ рӯз пеш дар саҳифаи фейсбукиаш оид ба он ки таҳдидҳо ба ҷонаш ҷиддӣ гирифта нашудааст, шикоят карда, ба дӯстону наздиконаш тавсия додааст, ки эҳтиёт бошанд.
То кунун ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар ҶТ) террори Бисмиллоҳ Одилро ба ӯҳда нагирифтааст.








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






