Бозиҳо дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон 22 апрел шуруъ мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумита оид ба мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон формулаи чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи якум барои соли равон тасдиқ кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бо қарори Кумита, бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 дар ду давра гузаронда мешаванд. Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти литсензия муайян хоҳад гардид. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад.
Ду дастаи аввали лигаи якуми Тоҷикистон ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар соли оянда ба даст меоранд.
Бояд зикр кард, ки қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд.
Акс аз ФФТ








«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






