Британияи Кабир барои эмгузаронӣ дар доираи COVAX AMC 1 млрд доллар ҷамъ овард. Тоҷикистон расман ба ин механизм шомил карда шудааст

Январь 11, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Британияи Кабир тавонист  барои эмгузаронии зидди коронавирус дар 92 кишвари рӯ ба тараққӣ 1 млрд доллар ҷамъ оварад. Дар ин бора дар намояндагии доимии Британия дар СММ дар робита бо оғози сафари «серӯзаи маҷозии» дабири кулли созмон Антонио Гутерриш ба Британия изҳор доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Британия то ба ҳол як миллиард доллар аз сармоягузорони  байналмилалӣ ҷалб кардааст, то ба кишварҳои бештар осебпазир дар дастрасӣ ба ваксинаҳои зидди коронавирус ва манъ кардани паҳншавии пандемия кумак кунанд», — иброз намуданд дар намояндагии дипломатӣ.

Ин маблағҳо барои маблағгузории иловагии механизми COVAX равона хоҳанд шуд. «Дар ин саҳми худи кишвар дар ҳаҷми 548 миллион доллар низ шомил аст. Ин маблағ имкон медиҳад, ки имсол 92 кишвари рӯ ба тараққӣ бо 1 миллиард вояи ваксина таъмин карда шаванд”, — эзоҳ доданд дар намояндагии доимӣ.

«Табиист, ки Британияи Кабир дар якҷоягӣ бо ҳампаймонҳояш ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси СММ барои кишварҳои осебпазир 1 миллиард вояи ваксинаи зидди коронавирусро дастрас гардонид», — зикр шудааст дар изҳороти вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Доминик Рааб, ки онро намояндагии доимии кишвар дар СММ интишор намудааст.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, Тоҷикистон расман ба рӯйхати кишварҳои дархосткунандаи ваксинаи зидди COVID-19 дар доираи COVAX шомил карда шудааст.

Кишварҳои ширкаткунандаи ин барнома метавонанд дар нимаи аввали соли 2021 ба ваксинаҳои зидди коронавирус дастрасӣ пайдо кунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон як гурӯҳи кории техникии иборат аз мутахассисони асосии соҳа, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро барои омодагӣ ҷиҳати эмгузаронӣ бо ваксина таъсис додааст.

Гурӯҳи мақсаднок аз шумораи умумии аҳолӣ барои эмгузаронӣ муайян карда шудааст, ки 1,8 миллион нафарро ташкил медиҳад (20% шумораи умумии аҳолӣ). Ба ин гурӯҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, шахсони аз 50-сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини гузаранда шомил карда шудаанд.

Миқдори зарурии дору аз тариқи механизми COVAX ҳамчун кумаки башардӯстона ба кишвар дода хоҳад шуд. Барои хариди ваксинаҳо Бонки ҷаҳонӣ 3 миллион доллар ҷудо кардааст, инчунин 5 миллион доллари иловагӣ пешбинӣ шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки механизми COVAX AMC (Advance Market Commitment) — ро СУТ муштаракан бо Эътилофи сартосарии ваксинаҳо ва иммунизатсия (GAVI) ва Эътилофи инноватсияи дар соҳаи таъмини омодагӣ зидди эпидемияҳо, ки таъсиси иқтидорҳои истеҳсолиро дастгирӣ ва доруҳоро харидорӣ мекунад,  ташкил намудааст.

                                                                 АКСИ: Сronista.com

Январь 11, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»