COVID-19: шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон зиёда аз 99 млн нафарро ташкил медиҳад

Январь 25, 2021 14:29

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ бо COVID-19 дар ҷаҳон аз 99 миллиону 755 ҳазор нафар зиёд шудааст. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯз нашрнамудаи СУТ хабар медиҳад, шумораи ҳалокшудагон аз 2 миллиону 138 ҳазор нафар гузаштааст. Зиёда аз 71 миллион нафар одамон шифо ёфтаанд.

Дар ИМА, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои аввал аст, 25 миллиону 702 ҳазору 125 ҳолати тасдиқшудаи сироятёбӣ аз вирус сабт шудааст. Шумораи ҷонбохтагон дар ин ҷо 429 ҳазору 490 нафарро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин нишондиҳанда низ ИМА дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст.

Дар Ҳиндустон, ки дар ҷои дуюм аст, шумораи рӯйдодҳои тасдиқшуда ба 10 миллиону 668 ҳазору 674 нафар ва теъдоди фавтидагон ба  153 ҳазору 508 нафар расидааст.

Дар ҷои сеюм Бразилия қарор дорад ва дар он ҷо 8 миллиону 844 ҳазору 600 нафар гирифтори коронавирус шудаанд. Дар ин кишвар бар асари уфунат 217.081 нафар ҷон бохтаанд.

Дар Россия, ки аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои чорум аст, 3 миллиону 719 ҳазору 400 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст. Давоми 24 соати охир дар ин ҷо 20.921 ҳолати нав ба қайд гирифта шудааст. Аз замони пайдоиши коронавирус дар Россия 69 462 нафар фавтидаанд.

Аз рӯи ҳисоби шумораи умумии сироятёфтагон мақоми 5-умро Британияи Кабир ишғол мекунад ва дар ин ҷо шумораи рӯйдодҳои тасдиқшуда 3 миллиону 647 ҳазору 463 нафар ва фавтидагон — 97 ҳазору 939 нафарро ташкил медиҳад.

Ба даҳгонаи якум инчунин Франсия, Испания, Италия, Туркия ва Германия шомил мебошанд.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, шумораи кишварҳои сироятёфта аз 218 адад зиёд шудааст.

АКСИ   inc-news.ru

Январь 25, 2021 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид