CУТ: вазъи COVID-19 дар соли 2021 каме идорашаванда хоҳад шуд

Январь 15, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз эҳтимол дур нест, ки коронавирус дар соли 2021 пурра аз байн бурда шавад, аммо вазъ каме идорашаванда хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «INTERFAX.RU» хабар медиҳад, дар ин бора роҳбари бахши аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Ҳанс Клуге (ДАР АКС) иттилоъ дод.

«Соли 2021 низ соли пандемия хоҳад буд… Аммо вазъ каме идорашаванда ва пешгӯишаванда хоҳад буд», — гуфт ӯ зимни брифинг рӯзи панҷшанбе.

Ҳамин тариқ, арзёбии Клуге аз ақидаи роҳбари барномаи ҳолати фавқулоддаи СУТ Майк Райан фарқ мекунад, ки қаблан гуфта буд соли 2021 метавонад ҳатто аз соли 2020 бадтар бошад.

«Бо дарназардошти ҷараёни интиқол ва доираи мушкилоте, ки мо мебинем, соли дуввум метавонад душвортар шавад»,  — гуфта буд Райан.

АКС аз бойгонӣ

Январь 15, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон