Дар Бодғис дар натиҷаи таркиш ду полис ҷон бохтанд

Январь 22, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/ Як узви Шӯрои вилоятии Бодғиси Афғонистон гуфт, ки ин рӯйдод дирӯз дар ноҳияи Муқури ин вилоят рух додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.

Хонҷон Зафар, узви Шӯрои вилоятии Бодғис, 21 январ гуфтааст, ки дар натиҷаи таркиши як минаи канори шоҳроҳ ду корманди полис кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Вай афзуд, ки ин ҳодиса дирӯз дар ноҳияи Муқури вилоят ҳангоме рух дод, ки як мошини неруҳои амниятӣ ба минаи канори шоҳроҳ бархӯрдааст.

Мақомоти амниятии Бодғис дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.

Январь 22, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид