Дар «Бозори Саховат»-и шаҳри Душанбе нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тағйир наёфтааст

Январь 7, 2021 15:33

ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар КВД «Бозори Саховат» -и шаҳри Душанбе маҳсулоти мавриди ниёзи аввал аз ҷониби соҳибкорон бо чунин нарх  ба фурӯш гузошта шудаанд: 1 кг картошка 3- 3 сомонию 40 дирам, 1 кг пиёз 1,80-2 сомонӣ, 1 кг сабзӣ  1 сомонию 50 дирам, 1 кг карам 1,50- 2 сомонӣ, 1 кг помидор 14 сомонӣ, 1 кг бодиринг 11 сомонӣ, 1 кг гӯшт 50 сомонӣ, 1 кг гӯшти мурғ 23 сомонӣ, 1 кг биринҷ аз 9 сомонӣ то 17 сомонӣ (вобаста ба навъ), 1 литр равған 15-16 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум аз 4 сомонию 80 дирам то 5 сомонӣ, 1 дона тухм аз 0,90 дирам то 1 сомонию 17 дирам, 1 кг шакар 8 сомонию 50 дирам.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори КВД «Бозори Саховат»-и шаҳри Душанбе Сайдалӣ Сабзалиев иброз намуд, «яке аз омилҳои нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт- ин таъсис додани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ва бештар ба бозор баровардани маҳсулоти захиравӣ мебошад. Танҳо бо ин восита мо метавонем болоравии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро пешгирӣ намоем».

Мавриди зикр аст, ки то 31 декабр дар КВД «Бозори Саховат»-и шаҳри Душанбе  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  ярмарка-фурӯши доимамалкунанда фаъолият менамуд, ки сокинони мамлакат аз он маҳсулоти тару тозаро бо нархҳои дастрас харидорӣ мекарданд.

Ба гуфти директори КВД «Бозори Саховат», дар бозор ситоди доимамакунанда фаъолият намуда, нархи маҳсулотро назорат ва ба танзим медарорад. Инчунин соҳибкорони бозор дар анбори худ миқдори зиёди маҳсулотро нигоҳ медоранд, то ки дар ҳолатҳои зарурӣ пешниҳоди харидорон намоянд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар тӯли як ҳафтаи сипаригардидаи соли 2021 нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар ин бозор мисли пешина боқӣ мондааст. Зеро дар ноҳияҳои мамлакат захираи зиёди маҳсулот мавҷуд аст ва соҳибкорон пайваста онҳоро дастрас намуда истодаанд.

Январь 7, 2021 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад