Дар Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курси омӯзиши забони русӣ ташкил гардид

Январь 5, 2021 09:40

ДУШАНБЕ,05.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе   барои  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои пойтахт курси ройгони омӯзиши забони русӣ ташкил намуд.

Тавре аз Раёсати мазкур  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҳадаф аз баргузории курси мазкур ба омӯзиш, корҳои  муфид ҷалб намудани наврасону ҷавонон мебошад, зеро  сабаби  асосии  ба  ҳар гуна амалҳои номатлуб  даст задани онҳо ин  оворагардию беназорат мондани онҳо мебошад.

«Хусусан имрӯзҳо масъалаи  шомилшавии ҷавонон  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ   боиси ташвиш гардидааст. Сабаби асосии пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб ин албатта бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба ин гурӯҳҳо мегардад. Аз ин рӯ, таълиму тарбияи наврасон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ,  ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва барои боз ҳам мукаммал гардонидани савияи дониши онҳо яке аз вазифаҳои асосии ҷомеа  маҳсуб мешавад»,-афзуд манбаъ.

Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе   ба иштирокдорони  курси мазкур маводи конселярӣ тақсим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2019  дар Душанбе  зимни  суханронӣ  ба ифтихори Рӯзи дониш  Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози мамлакат медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣ машғул шаванд, ду-се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд».

Январь 5, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад