Дар Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курси омӯзиши забони русӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ,05.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои пойтахт курси ройгони омӯзиши забони русӣ ташкил намуд.
Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории курси мазкур ба омӯзиш, корҳои муфид ҷалб намудани наврасону ҷавонон мебошад, зеро сабаби асосии ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст задани онҳо ин оворагардию беназорат мондани онҳо мебошад.
«Хусусан имрӯзҳо масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боиси ташвиш гардидааст. Сабаби асосии пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб ин албатта бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба ин гурӯҳҳо мегардад. Аз ин рӯ, таълиму тарбияи наврасон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва барои боз ҳам мукаммал гардонидани савияи дониши онҳо яке аз вазифаҳои асосии ҷомеа маҳсуб мешавад»,-афзуд манбаъ.
Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба иштирокдорони курси мазкур маводи конселярӣ тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2019 дар Душанбе зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи дониш Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози мамлакат медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣ машғул шаванд, ду-се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд».










Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






