Дар Гимназияи ба номи Гёте-и шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Истифодаи неруи алтернативӣ» амалӣ мегардад

Январь 13, 2021 14:13

ДУШАНБЕ, 13.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ду сол инҷониб дар мактаби таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Гимназияи ба номи Гёте»-и шаҳри Хуҷанд дар самти оқилонаву самаранок истифода бурдани неруи барқ ва инчунин истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия лоиҳае таҳти унвони «Истифодаи неруи алтернативӣ» ё худ «Насби системаи офтобӣ» амалӣ гардида истодааст. Дар ин замина дар доираи роҳандозии лоиҳаи зерин моҳҳои ноябр-декабри соли 2020 аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Технологияҳои Сабз» (Green Technologies) дар шифти бинои гимназия таҷҳизоти офтобӣ насб гардида, давоми се рӯзи ҳафтаи равон аз тарафи мутахассисони ин ширкат барои як гурӯҳ омӯзгорону шахсони мутасаддӣ ва инчунин хонандагони синфҳои 9-10-и гимназия омӯзиши техникӣ оид ба мавзӯи «Манбаҳои алтернативии неруи сабз» гузаронида шуд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад. 

Дар доираи баргузории омӯзиши техникӣ иштирокчиён бо барномаи ширкат, технологияҳову таҷҳизоти насбшуда, тарзи бадастоварӣ, истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия бо бартариҳову дурнамои неруи офтобӣ шинос гардиданд. Ҳамзамон омӯзиши таҷрибавӣ оид ба насби панелҳои офтобӣ ва пайвасти қисмҳои асосии шабакаи барқии офтобӣ ва бакордарории он гузаронида шуда, дар анҷоми омӯзишҳо ба ҳозирин сертификат ва либосҳои нави корӣ супорида шуданд.

Лоиҳаи «Насби системаи неруи офтобӣ» аввалин маротиба дар миқёси ҷумҳурӣ дар ин гимназия роҳандозӣ гардида, ба ин муассисаи таълимӣ имконият медиҳад на танҳо синфхонаҳову утоқҳоро, ки бо компютеру лавҳаҳои электронӣ ва системаҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз гаштаанд, аз хомӯшии ногаҳонии барқ ҳифз ва бо барқи доимӣ таъмин намояд, балки дар фаъолияти худ неруи сабзро васеъ истифода бурда, дар сарфаи барқ, пешбурди соҳаи неруи сабз ва равнақ додани иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорад.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2019 хонандагони гимназия Таҳминахон Холиқова ва Далер Дадобоев бо роҳбаладии омӯзгори экология Заррина Мирзошарипова дар финали Озмуни XI байналмилалии экологӣ иштирок намуда, ба гирифтани мукофоти султони АМА Зайд ибн Султон ба маблағи 100 000 доллар ноил шуданд. Ба ин озмуни бонуфуз аз 130 давлат 2100 лоиҳаҳо пешниҳод шуда, он вақт ба даври финалӣ аз 6 қитъаи ҷаҳон 31 даста таклиф  шуда буданд. Дастаи МТУҒ (хусусии) «Гимназияи ба номи Ё.В. Гёте» лоиҳаи худро дар номинатсияи «Саҳми муассисаҳои таълимӣ дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ» оид ба истифодаи энергияи алтернативӣ (энергияи офтоб) байни дастаҳои қитъаи АвруОсиё пешниҳод намуда, ба рақибони худ- Англия ва Арманистон дастболо шуд ва ба қатори 10 нафар барандагони ҷоиза (дастаҳо аз Суб-Сахара, Гватемала, Филлипин, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Дубай ва 4 ширкатҳои бонуфуз «We Care Solar», «Sanku», «BBOXX», «ECOSOFTT») дохил гардид. Дар давраи 3 сол гимназия бояд пурра аз мукофот истифода намуда, таҷҳизоти офтобиро дар муассиса насб намояд.

То ин дам таъсисдиҳандагони озмун аллакай 2 маротиба ба суратҳисоби гимназия аз маблағи пешбинишуда гузарониданд. То ин дам боми гимназия аз таъмир бароварда шуда, аз тарафи ҶДММ «Технологияҳои Сабз» (Green Technologies) насби таҷҳизоти офтобӣ ба охир расида истодааст.

Январь 13, 2021 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд