Дар корхонаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и Хуҷанд гармхона ва мағозаи фурўши гулу кўчат бунёд мегардад

Январь 15, 2021 10:21

 ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд бунёди ду адад гармхона, мағозаи фурўши гулу кўчат ва нуқтаи маслиҳатдиҳӣ оид ба парвариши онҳо  дар назар аст. Дар ин бора зимни боздид аз фаъолияти муасссаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд  ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иттилоъ доданд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳудуди муассисаи мазкур беш аз 8 гектарро ташкил дода, дар он ду адад гармхона бо парвариши гулҳои мавсимӣ фаъол мебошанд. Ҳоло дар ин муассисаи гулпарварӣ қариб 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш ёфта истодаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати парвариши гулҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои муассиса ва кӯчати онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то оғози фасли баҳор тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки ба таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир шавад. Дар зудтарин фурсат гармхонаҳои дигари муассиса ба кор андохта шуда, ба манфиати молии коргоҳ мутобиқ гардонида шаванд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замини муассиса тадбирҳо андешида  шуда, дар қитъаҳои алоҳида кишти кабудию сабзавот барои таъмини бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад. Ҷиҳати парвариши дарахтони нодир, ки минбаъд дар кўчаву хиёбонҳои асосии шаҳр шинонида мешаванд, чораҳои амалӣ роҳандозӣ гарданд.

Масъулини муассисаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму сабзазоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳисса гузоранд.

Январь 15, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд