Дар маркази ноҳияи Кӯшониён лавҳи «Қаҳрамонони миллат» қомат меафрозад

Январь 18, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 18.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар хиёбони марказии ноҳияи Кӯшониён сохтмони пойдевори лавҳи «Қаҳрамонони миллат» бо баландии 4,5 метр ва паҳноии 10 метр ҷараён дорад.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сохтмони иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардид. Лоиҳа бо санъати баланди меъмории миллӣ тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмонӣ бо харҷи беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷараён доранд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафар ба ноҳияи Кӯшониён аз ҷараёни корҳои сохтмонии пойдевори лавҳи «Қаҳрамонони миллат» дидан намуд. Зикр гардид, ки ин лавҳи гиромидошт бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи фарзандони фарзонаи миллат бунёд мегардад.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки ҳар яке аз қаҳрамонони Тоҷикистон- Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар замони худ чун шахсони ватандӯсту дурандеш барои муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон, ҳимояи арзишҳои миллию давлатдорӣ, барқарории сулҳу субот ва устувории давлат саҳми бориз гузоштаанд. Онҳо бар зидди ҳама гуна равияҳои зиёновари миллатгароиву ҷудоиандозӣ мардонавор мубориза бурда, силсилаи иқдомоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро барои таҳкими арзишҳои милливу суннатии тоҷикон ва бунёди давлату давлатдории мардуми Тоҷикистон амалӣ намудаанд.

Ин шахсони матиниродаву донишманд, оқилу дурандеш, сиёсатмадорони барҷаста тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашонро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтаанд.

Қомат афрохтани лавҳи «Қаҳрамонони Тоҷикистон» рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмату ҷоннисориҳои чеҳраҳои мондагори миллат мебошад.

Акс аз бойгонӣ

Январь 18, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд