Дар шаҳри Петрозаводски Карелия ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа бо ҳамватанонамон вохӯриҳо доир шуданд
ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия вохӯрии масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва кормандони масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонону донишҷӯён ва дигар муҳоҷирони меҳнатӣ ҷараён дорад.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, чунин вохӯрии судманд ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеаи муосир дар маркази Ҷумҳурии Карелия- шаҳри Петрозаводск сурат гирифт.
Масъулин бо аъзои Ҷамъияти тоҷикистониён дар шаҳри Петрозаводск бо номи “Авитсена” вохӯрда, бо фаъолият ҷамъият шинос шуда, масъалаҳои раванди муҳоҷират ва мушкилоти ҷойдошта дар минтақаро муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбари ҷамъияти тоҷикон “Авитсена” Давлаталӣ Худоиев сабабҳои ташкили ҷамъият, гузарондани барномаҳои фарҳангӣ ва муттаҳид будани мардуми тоҷикро дар Карелия шарҳ дод. Зикр гардид, ки ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин минтақа бо якдигар дӯсту муттаҳид буда, ҳолатҳои фиреб кардани ҳамдигар, напардохтани музди меҳнат аз тарафи корфармоён ва ғайриқонунӣ будубош намудани муҳоҷирон ба назар намерасад. Аз ҳама муҳим он аст, ки дар шаҳри Петрозаводск сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи шаҳрвандони мо хеле кам ба назар мерасад.
Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва кормандони масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот вазъи эпидемиологӣ дар ҳавзаи федеролии шимолу ғарбии Федератсияи Россия, таъсири он ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷикон, вазъ дар самти муҳоҷират дар давраи пандемияро шарҳ дода, паҳлуҳои муҳими фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро фаҳмониданд.
Ҳамзамон ба ҳозирин оид ба мушкилоти вусъатёбандаи дигари ҷаҳонӣ — хатари терроризм ва экстремизм маълумоти муфассал пешниҳод шуда, зикр гардид, ки баъзан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз рӯйи нофаҳмию ноогоҳӣ ба равияҳои гуногуни ифротӣ ҳамроҳ мешаванд. Онҳо ба ташкилоти террористию экстремистӣ алоқаманд шуда, оқибат барои худу пайвандон ва наздиконашон мушкилӣ эҷод мекунанд. Дар замони муосир барномаҳои зиёди интернетӣ мавҷуданд, ки аз тарафи аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ташкил шуда, дар асоси супориши хоҷагони хориҷӣ ба мардум иттилооти бардурӯғ мерасонанд ва мехоҳанд мардуми шарифи тоҷикро ба мушкилиҳо гирифтор кунанд.
Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия зикр намуд, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари минбару масҷид ба воситаи муҳими тарғибу ташвиқи ақидаҳои диниву мазҳабӣ табдил ёфта, бархе аз муҳоҷирони меҳнатиро, ки қишри хеле ҳассоси ҷомеа буда, маърифати дунявӣ надоранд, ба доми худ кашида, оқибат ба сарсониву гумроҳӣ мебаранд.
Аз ин рӯ ҳар фарди солимфикри ҷомеа вазифадор аст, ки аз чунин тарғибгарону мубаллиғони зархариду асолатбохта дур бошад, шабакаҳои онҳоро тамошо накарда, вақти пурқимати худро барои ободонии оилаву фарзандону волидонашон сарф кунад. Аз ҷониби Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба раёсати ҷамъияти тоҷикони Петрозаводск ва ҳамватанони дар ин шаҳр фаъолияткунанда барои пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлубу хатарнок маслиҳатҳои мушаххас дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба роҳбари ҷамъияти тоҷикон тавсия дода шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги миллати тоҷик ва урфу одатҳои миллӣ дар назди дигар қавму миллатҳо, муттаҳидии ҳамватанон ва ташкил намудани маъракаҳои фарҳангӣ, ҷашнҳои миллию давлатӣ ва варзиширо зиёд гардонида, фаъолияти худро тариқи нашри онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ (фейсбук, В контакте) ба дигарон нишон дода, ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастии шаҳрвандонро дар кишвари иқомат зиёда намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Петрозаводск ва атрофи он зиёда аз 450-500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору истиқомат намуда, дар корҳои сохтмонӣ, соҳаи маишӣ ва нуқтаи таъмири мошинҳо фаъолияти баланди меҳнатӣ доранд.








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






