Дар Суғд байни кӯдакони то 14-сола ва аз он боло Озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» баргузор шуд

Январь 13, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар давраи таътили зимистона байни  кӯдакони то 14-сола ва аз он боло Озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» ташкил ва баргузор шуд. Дар озмуни мазкур  63 нафар довталаб аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзида, миёни кӯдакони то 14-сола ҷойи аввалро хонандаи синфи 5 аз шаҳри Хуҷанд Фаридаи Мирмуҳаммад гирифт. Миёни довталабони  аз 14-сола боло ғолибият насиби хонандаи синфи 9 — и шаҳри Истиқлол Мадинаи Ғиёсиддин  гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамчунин ҷои дуюм ва сеюм миёни  кӯдакони то 14-сола насиби хонандаи синфи 6 –и шаҳри Хуҷанд Сумайя Фарҳодзода ва хонандаи синфи 5–и  ноҳияи Ҷаббор Расулов Хушноза Абдунабизода гардид.

Миёни хонандагони аз 14-сола боло хонандаи синфи 9 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Адиба Вайдуллоева  ва хонандаи синфи 9 -и ноҳияи Спитамен Шарифамоҳ Фаттоева сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Дар ҷамъбаст ба ғолибон дипломи  Раёсати маорифи вилояти Суғд ва китобҳои тозанашр тақдим гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни вилоятии  «Китобхони беҳтарин» тайи 3 сол аст, ки бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии насли наврас, рушди малака ва қобилияти зеҳнии кӯдакон доир гардида, дар он довталабони зиёд иштирок менамоянд.

Январь 13, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт