Дар Суғд байни кӯдакони то 14-сола ва аз он боло Озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар давраи таътили зимистона байни кӯдакони то 14-сола ва аз он боло Озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» ташкил ва баргузор шуд. Дар озмуни мазкур 63 нафар довталаб аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзида, миёни кӯдакони то 14-сола ҷойи аввалро хонандаи синфи 5 аз шаҳри Хуҷанд Фаридаи Мирмуҳаммад гирифт. Миёни довталабони аз 14-сола боло ғолибият насиби хонандаи синфи 9 — и шаҳри Истиқлол Мадинаи Ғиёсиддин гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамчунин ҷои дуюм ва сеюм миёни кӯдакони то 14-сола насиби хонандаи синфи 6 –и шаҳри Хуҷанд Сумайя Фарҳодзода ва хонандаи синфи 5–и ноҳияи Ҷаббор Расулов Хушноза Абдунабизода гардид.
Миёни хонандагони аз 14-сола боло хонандаи синфи 9 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Адиба Вайдуллоева ва хонандаи синфи 9 -и ноҳияи Спитамен Шарифамоҳ Фаттоева сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Дар ҷамъбаст ба ғолибон дипломи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва китобҳои тозанашр тақдим гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» тайи 3 сол аст, ки бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии насли наврас, рушди малака ва қобилияти зеҳнии кӯдакон доир гардида, дар он довталабони зиёд иштирок менамоянд.








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






