Дар Тоҷикистон боз як ширкати сайёҳӣ ба фаъолият шуруъ намуд

Январь 18, 2021 14:14

ДУШАНБЕ, 18.01.2021/АМИТ «Ховар»/.  Қатъи назар аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва пайомадҳои он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, чанде пеш ширкати нави  сайёҳии «Силкей эдвенче» иҷозатнома гирифта, ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, муҳлати амали иҷозатномаи ширкатҳои «Ҳабиба Турс», «Восток трэвел тур», «Айс тур» ва «Кошиф» тамдид гардид, хабар медиҳад АМИт «Ховавр» бо истинод ба рӯзномаи «Ҷумҳурият». 

Ин нукта зимни ҷамъомади роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, ки бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷиддин Ҷӯразода баргузор гашт, баён шуд.

Зимни ҳамоиш гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, нашри маводҳои нави иттилоотиву тарғиботӣ, пайдо намудани бозорҳои нав, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тоҷиддин Ҷӯразода аз роҳбарони  ширкатҳои сайёҳӣ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ ҷоригардида, тамоми саъю кӯшиши худро барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019 – 2021), таҳкими рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ ба маконҳои тамошобоби ҷумҳурӣ дар мавсими нави сайёҳӣ ва тарғиби ҳаматарафаи Ҷашни байналмилали Наврӯз равона созанд.

Дар навбати худ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат омодагии худро изҳор доштанд.

                                                                АКС аз бойгонӣ

Январь 18, 2021 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд