Дар Тоҷикистон 98,8% гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтанд

Январь 7, 2021 18:48

ДУШАНБЕ, 07.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Дар маҷмӯъ то имрӯз, 7 январ дар кишвар 13305 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13153 нафар ё 98,8% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ҳамзамон, 62 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

Январь 7, 2021 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид