Дилшод Раҳимӣ: «Сада ёдгори даврони ориёиҳо ва марбут ба оғози истифодаи мақсадноки оташ дар рӯзгори мардум аст»

Январь 31, 2021 10:04

ДУШАНБЕ, 31.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола  якшанбеи охири моҳи январ дар тамоми ҷумҳурӣ ҷашни Сада ва намоиши зироати кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии аҷдодон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ таҷлил мегардид. Дар робита ба ин ҷашни қадимии тоҷикон хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ бо  директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик Дилшод РАҲИМӢ ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Мегуфтед, ки Сада чӣ маъно дорад, чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо манша мегирад?

Дилшод Раҳимӣ: Оид ба шарҳи истилоҳи Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Машҳуртарин тафсири мардумии Сада ин аст, ки он аз шумораи «100» гирифта шудааст ва панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим лиавоили саноату-т-танҷим» менависад: «Сада чист? Обонрӯз аст аз Баҳманмоҳ ва он даҳум рӯз бувад ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум оташҳо зананд ва лаҳву шодӣ кунанд ва низ гурӯҳе аз он бигзаранд, то ба сӯзондани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунин аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…..».

Шоири маъруфи асри ХІІ Манучеҳрӣ низ дар як байти худ ин ақидаро таъкид кардааст:

В-инак биомадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,

Ҷашни Сада-талояи Наврӯзи навбаҳор.

Аммо миёни олимон фарзияву мулоҳизаҳои дигар ҳам ҳастанд, ки истилоҳи ададро ба шумораи сад марбут намедонанд. Доир ба шарҳи номи Сада устурашиноси маъруфи эронӣ Меҳрдоди Баҳор навиштааст, ки Сада вожаи авестоӣ (sada) буда, ба маънои зуҳур, ошкор ва пайдо шудан аст. Яъне дар рӯзи охирини чиллаи калон гулханҳо афрӯхта, Офтоб, гармӣ ва баҳорро даъват мекардаанд.

Доир ба маънои Сада олимону муаррихон дар эҷодиёташон зиёд дарҷ намудаанд. Агар Сада иборат аз ду панҷоҳ бошад, панҷоҳ рӯз аз аввали зимистон ва панҷоҳ рӯз то анҷоми онро дар назар доштаанд. Яъне, тақрибан аз 10 декабр то 21 март, то Наврӯз сад рӯз бошад, пас Сада дар мобайни он- 30 январ таҷлил мешавад.

АМИТ «Ховар»:  Бархе махзанҳои илмӣ таърихи пайдоиши ин ҷашнро беш аз 3 ё 5 ҳазор сол мегӯянд. Ба андешаи Шумо пайдоиши ҷашни Сада аз кадом ҳазорсола сарчашма гирифтааст?

Дилшод Раҳимӣ: Ҷашни Сада ёдгорест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба шоҳи пешдодӣ – Ҳушанг, баъзеҳо ба Каюмарс, ба шоҳ Фаридун ва ҳатто ба Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд. Доир ба бунёд гузоштани ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ маълумоти гуногун зикр гаштаанд, алалхусус, ривоёти Фирдавсӣ, Берунӣ, Гардезӣ комилтар ва ҷолиби диққатанд.  То ҳол касе таърихи пайдоиши Садаро собит накардааст. Аммо тахмин кардан мумкин аст, ки ҷашни Сада ба оғози истифодаи мақсадноки оташ дар рӯзгори мардум марбут аст.

АМИТ «Ховар»:  Дар аҳди кадом ҳокимон ва давлатдорони пешина ҷашни Сада бо шукӯҳу салобати хосса ва шодиву сурур, ба мисли Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст?

Дилшод Раҳимӣ: Таҷлили ҷашни Сада дар замони шоҳаншоҳии Сосониёну Сомониён ба авҷи аъло расида буд. Баъдан он дар даврони салтанати Ғазнавиён, махсусан дар замони ҳукумати султон Масъуди Ғазнавӣ рӯ ба инқироз овардааст. Пас аз ҳамлаи муғул ва монеъ шуданҳои шоҳони турктабору мутаассибони дин Сада, ки дар меҳвари он оташ қарор дошт, расман аз таҷлил бозмонд. Ҳарчанд ки дар байни тоҷикон аз асрҳои миёна то ба рӯзгори мо ҷашни мазкур бо номи Сада ёд намешуд,  лекин он  миёни мардуми заҳматкаш дар шаклҳои гуногун то дергоҳ маъмул будааст.  Мардумшиносон маросими Хирпичор (дар Бадахшон), Ҳут (дар Рашт), чоршанбесурии маъруфро идомаи ҷашни Сада шумурдаанд, ки то имрӯз қисман маъмул мебошанд.

АМИТ «Ховар»:  Эҳёи дубораи ҷашни Сада аз кадом солҳо оғоз гардидааст?

Дилшод Раҳимӣ: Ҳарчанд ки дар китобу мақолаҳои замони ҳокимияти Шӯравӣ доир ба Сада баъзе тасвирҳо мавҷуданд, аммо омӯзиш ва таҳқиқи ин ҷашн асосан дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон авҷ гирифт.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикор ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик муяссар гашт, ки ба аслу гавҳари фарҳангии ниёгони хеш бипайвандад ва як силсила ҷашну маросим, намунаҳои олии анъанаву ҳунар ва арзишҳои дигари миллиро эҳёву такмил гардонад. Ҷашни Сада ҳам акнун дар қатори  ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шаъну шукӯҳ ва ифтихори тамом дар саросари мамлакат баргузор мегардад. Имрӯз он мояи асосии таблиғу таҳрики кишоварзону боғдорон ва табақаҳои дигари заҳматкаш ба ободонию ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ гардидааст.

АМИТ «Ховар»:  Кадом суннатҳо ба ҷашни Сада хос мебошанд?

Дилшод Раҳимӣ: Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ, шохчабурӣ, ба тартиб овардани дарахтону буттаҳо ва гулҳо машғул мешуданд. Ин суннати неки ниёгонро бояд имрӯз низ идома дод.

Дастархони идонаи Сада аз таомҳои зимистона, анвои меваҳои хушк ва шириниҳои суннатӣ иборат мебошад. Дастархон бояд начандон бузург бошад ва дар он танҳо маҳсулоти хӯроквории анъанавӣ гузошта мешаванд.

Ба таомҳои зимистонии маъмул оши палав, ширбиринҷ, қурутоб, равғанҷӯш, бат ва ғайра дохил мешаванд. Меваҳои хушк, аз қабили мавиз, ғулинг, донашӯрак, бодому писта, чормағз, олучаи хушк, тутмавиз ва ғайра унсурҳои дастархони ҷашни Сада ба шумор мераванд.

Ба қатори шириниҳои суннатӣ: набот, қандалот, парварда, хурӯсқанд, ҳалво, ширинӣ, асал, нишалло ва амсоли инҳо шомиланд. Ба намоиш гузоштани таому шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллӣ сабаби ҷалби меҳмонон ва сайёҳон гашта, таблиғи заҳмати боғдорон, пазандагон ва ҳунармандон низ мебошад.

Январь 31, 2021 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»