ДМТ ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мукофотпулӣ тақдим намуд

Январь 9, 2021 10:24

ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни ғолиб ва устодонеро, ки ба ҳайси аъзои ҳакамон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуданд, бо мукофотпулӣ ва Ифтихорномаи ДМТ сарфароз гардонид.

Ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон  Хушвахтзода дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ иброз намуд, ки «барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар намудани сифату самаранокии таълим дар донишгоҳ озмуни «Факултети сол», «Кафедраи сол», «Омӯзгори сол» ва «Донишҷӯи сол» таъсис дода мешавад».

Ҳамчунин дар ДМТ аз аввали моҳи январи соли равон музди меҳнати устодону кормандони донишгоҳ 10 фоиз аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ баланд бардошта мешавад. Инчунин бо мақсади рушди сифати таҳсил соли 2021 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Соли рушди сифати таҳсилот эълон гардид.

Ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар назди кормандони раёсати донишгоҳ, устодону кормандон барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар соли 2021 вазифаҳои мушаххас гузошт.

Январь 9, 2021 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад