Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи 9 ихтисоси нав донишҷӯ қабул мекунад
ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2021-2022 бо назардошти талаботи бозори меҳнат қабули донишҷӯёнро аз рӯйи 9 ихтисосҳои нав ба роҳ монд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, донишҷӯён барои соли таҳсили 2021-2022 дар ихтисосҳои рӯзноманигории телевизион, WEB – рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита (технологияи робита), танқиди бадеӣ, забони муосири хориҷӣ (забонҳои арабӣ-чинӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-франсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-франсавӣ) ва таҳсилоти томактабӣ, забони хориҷӣ (фосилавӣ) бори аввал қабул карда мешаванд.
Соли таҳсили равон фаъолияти таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






