Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи 9 ихтисоси нав донишҷӯ қабул мекунад

Январь 19, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2021-2022 бо назардошти талаботи бозори меҳнат қабули донишҷӯёнро аз рӯйи 9 ихтисосҳои нав ба роҳ монд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, донишҷӯён барои соли таҳсили 2021-2022 дар ихтисосҳои рӯзноманигории телевизион, WEB – рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита (технологияи робита), танқиди бадеӣ, забони муосири хориҷӣ (забонҳои арабӣ-чинӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-франсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-франсавӣ) ва таҳсилоти томактабӣ, забони хориҷӣ (фосилавӣ) бори аввал қабул карда мешаванд.

Соли таҳсили равон фаъолияти таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст.

Январь 19, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт