Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолзанон ва кормандони Маркази саломатии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуданд
ҲИСОР, 05.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Уроқова ва Ғиёсиддин Ашӯров бо фаъолзанон ва кормандони Маркази саломатии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуданд. Дар ин бора масъулини шаҳри Ҳисор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ин ҷамъомадҳо дар бораи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 қабул шудаанд, маълумоти муфассал дода, изҳор намуданд, ки қонуну санадҳои қабулшуда вобаста ба сиёсат, иқтисод ва иҷтимоиёти ҷомеа ба рушди ҷомеаи демократӣ, манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо нигаронида шудаанд.
Ҳамчунин доир ба ҳолатҳои пешомадаи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ бар асари паҳншавии бемории COVID-19 дар ҷаҳон, тағйирёбии иқлим, сард омадани зимистони соли 2021 ва пайомадҳои манфии он ба ҷаҳон ва давлати мо дар асоси таҳлилҳои коршиносони сатҳи байналмилалию нишондиҳандаҳои оморӣ сухан гуфтанд.
Вакилон таъкид карданд, ки моро зарур аст аз неруи барқ оқилонаю сарфакорона истифода намуда, аз воситаҳои алтернативии гармидиҳӣ истифода карда, ба масрафи беҳудаи он роҳ надиҳем.
Намояндагони халқ инчунин оид ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи зарурии маводи хӯрокӣ барои зимистон, танзими нархи маҳсулот дар бозору мағоза, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирӣ аз хатари экстремизму терроризм ва дигар амалҳои номатлуб, бемориҳои сироятӣ, хифзи шаъну эътибори мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо бо иштирокчиёни ҷамъомадҳо суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
Вакилон ҳамзамон риояи талаботи қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар зиндагӣ муҳим арзёбӣ намуданд.








Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд






