Хуҷанд: дастовардҳои муҳими истиқлол, фарҳанги истифодаи замин, Муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» ба интихобкунандагон шарҳ дода шуданд

Январь 5, 2021 11:01

ХУҶАНД, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  4 январ дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ бо фаъолони маркази вилоят доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2021 дар шаҳру навоҳии мамлакат мутобиқ ба дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар маҳалҳо баргузор гардида истодаанд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии  АМИТ “Ховар”,  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зикр дошт, ки зимни суҳбату мулоқот   вакилон ба интихобкунандагон оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақомоти олии қонунбарори мамлакат қабул гардидаанд, вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат иттилоъ медиҳанд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилон Рустам Раҳматзода, Раъно Бобоҷониён ва Гулбаҳор Назирӣ роҷеъ ба самтҳои муҳими фаъолияти Парлумони мамлакат, дастовардҳои муҳими истиқлол, фарҳанги истифодаи замин, эҷоди қонунҳои нав, шарҳи Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи тоҷик», самароварии коркарди ниҳоии маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани рӯҳияи худшиносививу худогоҳӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, мубориза бар зидди ифротгароӣ ва дигар масъалаҳо сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки ҳадафи олии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакатро муҳайё намудани зиндагии шоиста барои мардум ташкил медиҳад. Дар ин самт ҳамагонро мебояд зери ғояи ваҳдати миллӣ ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатӣ камари ҳиммат баста, ватанамонро боз ҳам ободу зебо намоянд.

Змни мулоқот иштирокдорон аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолу дархост ва пешниҳоди худ посухҳои судманд гирифтанд.

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон то 9 январ сурат мегирад.

Январь 5, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ҷаласа доир шуд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид