Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод доир ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ суҳбат намуд
ТОҶИКОБОД, 08.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти раиси ноҳияи Тоҷикобод Дилшод Амиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Дар ҷамъомади мазкур Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода перомуни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри соли 2020 зимни машварати корӣ баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати ҷумҳуриро оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот шарҳу тавзеҳ дод.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоот бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизаҳои судманд баён намуд. Ҳамчунин доир ба фаъолияти Парлумон дар соли сипаришуда маълумот дода, муҳтавои қонуну қарорҳои дар ин давом қабулгардидаро шарҳ дод.
Зимни мулоқот масъулини ташкилоту муассисаҳо оид ба омодагиҳо ба иди байналмилалии Наврӯз, таҳияи нақшаҳои дахлдор ҷиҳати ташкилу баргузории озмунҳои фарҳангӣ, илмию фаннӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангию фароғатӣ гузориш пешниҳод карданд.
Дар ин вохӯрӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир ба иштироки фаъолонаи кишоварзони ноҳия дар намоиш ва ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахти мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, бахусус қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, омодагиҳо ба мавсими кишт, зиёд намудани майдони кишти картошка ва захираи озуқа дар ҳар оила супоришҳои мушаххас дод.
Зимни вохӯрӣ аз тарафи сокинони ноҳияи Тоҷикобод доир ба ҷудо намудани грантҳо барои бонувон, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва сохтани муассисаҳои таълимӣ бинобар сабаби сол то сол зиёд шудани шумораи хонандагон ва якчанд мушкилоти ноҳия ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дархостҳо пешниҳод гардиданд.
Мавсуф ба саволҳои интихобкунандагон посух дод.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






