Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабари дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашршуда посух гуфтааст
ДУШАНБЕ, 19.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар иртибот ба хабаре, ки 9 январи соли 2020 дар сомонаи АМИТ «Ховар» таҳти унвони «БОНГИ ИЗТИРОБ: танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабии ноҳияи Ёвон ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд», нашр шуда буд, ба унвони Агентӣ ҷавоб ирсол намудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар хабари дар сомонаи Агентӣ нашршуда омада буд, ки «дар ҳисоботи омории шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон пешниҳод гардидааст, ки бинобар кам будани муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ин боиси ташвиш ва нигаронист».
Инак баъди сипарӣ гардидани як солу даҳ рӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон чунин маълумот пешниҳод намудааст:
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар давоми соли 2020 бо мақсади таъмини рушди соҳаи маориф тадбирҳои муайянеро ба сомон расонид.
Соли гузашта дар назди се муассиаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 3 бинои таъмилӣ (дар маҷмӯъ иборат аз 16 синфхона), инчунин дар назди ду муассисаи дигар 7 синфхонаи иловагӣ бунёд ёфта, ҳоло дар назди массисаҳои мавҷуда сохтмони 9 бинои таълимӣ ва 19 синфхонаи нав идома дорад.
Ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия давоми соли сипаригашта таъдоди марказҳои инкишофи кӯдакон то ба 55 адад расонида шуд. Айни замон ба 7 муассисаи томактабӣ 1203 нафар ва дар марказҳои инкишофи кӯдакон 1313 нафар кӯдак ҷалб гардидаанд, ки ин баробари 9,6 фоизи кӯакони синни томактабӣ мебошад.
Дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон барои соли 2021-2025» дар ноҳия ба истифода додани 3 муассисаи нави томактабӣ (дар деҳаҳои ба номи Ҳ. Ҳусайнов, Қирғизободи деҳоти Обшорон ва Бӯстони деҳоти ба номи Г. Юсуфова) пешбинӣ гардидааст ва дар сурати бунёди онҳо инчунин бо таъмир ва ҷиҳозонидани кӯдакистонҳои мавҷуда, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ то соли 2025 ба 3416 нафар расонида хоҳад шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо истифода аз ҳамаи имконият кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки масъалаҳои рушди бонизоми соҳаи маориф, аз ҷумла ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадриҷан беҳтар гардонида шаванд».
Акс аз бойгонӣ








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






