Маркази инноватсионии Помир сокинонро бо кори доимӣ таъмин менамояд

Январь 12, 2021 13:45

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ҷамъиятии Маркази инноватсионии Помир ояндаи наздик нақша дорад, ки шумораи коргаронро беш аз 200 нафар ва аз ин ҳам зиёдтар намояд, ки ин ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар вилоят мусоидат менамояд. Ин матлаб  зимни як ҳамоиш дар ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зикр шуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии Маркази инноватсионии Помир баҳри таъмини ҷавонони шаҳри Хоруғ бо ҷойи кори доимӣ 3 сол инҷониб фаъолияти муназзам дорад.

Роҳбарони марказ оид ба фаъолияти кории соҳа маълумот манзур намуда, иброз доштанд, ки ташкилоти мазкур аз соли 2017 ба таври расмӣ дар шаҳри Хоруғ фаъолият дошта, дар ин муддат тавонист 70 нафар кормандонро бо кори доимӣ таъмин намояд. Фаъолияти марказ ба таври онлайн ба роҳ монда шуда, хизматрасонӣ дар шакли муҳосибот бо дигар давлатҳо сурат мегирад.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зикр кард, ки таъмини ҷавонон бо ҷойи кори доимӣ яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. Фаъолияти чунин ташкилот саривақтӣ буда, сабаби ба кор ҷалб намудани ҷавонони бекор дониста мешавад.

Роҳбари марказ Валӣ Хонҷонов  гуфт, ки  ташкили бинои замонавӣ ва пурра таъмин намудани кормандон бо интернети доимӣ метавонад ба фаъолияти кории кормандони ташкилот таъсири мусбат расонад.

Раиси вилоят иброз дошт, ки кормандони ташкилот имкон доранд бештар бо ширкатҳо ва идораҳои дахлдор ҳамкориро вусъат бахшида, ба ин восита фаъолияти худро боз ҳам мустаҳкам гардонанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри дастгирии ҷавонон ва бартарафсозии мушкилоти Марказ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Масъулини ташкилот аз дастгирии Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо фаъолияти кормандон аз наздик шинос шуда, аз утоқи кории бинои марказ дидан намуд. Гуфта шуд, ки масъалаи таъмини кормандон бо бинои замонавӣ ояндаи наздик ҳалли мусбати худро пайдо намуда, ҷавонон метавонанд фаъолияташонро самаранок идома диҳанд.

Январь 12, 2021 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд